Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ҷомӣ агарчи дар қасоиду маснавиҳояш низ аз Ҳасан ёд мекунад, аммо вай асосан дар ғазалҳояш ба ӯ пайравӣ менамояд, зеро, тавре ки гуфтем ва маълум аст, қисми аъзами осори Ҳасанро ғазал ташкил медиҳад ва ӯ маҳз дар ҳамин навъи шеърӣ устод хонда шудааст. Аз ин рӯ, бисёре аз шоирони ғазалсаро ба пайравии ашъори ӯ пардохтаанд, ки Ҷомӣ яке аз ҳамин гуна шоирони ғазалгӯст, ки бархе аз ғазалҳои хешро дар пайравии Ҳасан гуфтаву абёту мисраъҳои онҳоро мавриди тазмин қарор додаву гоҳе аз вай тамҷид намудаву гоҳе даъвии ҳамсарию бартарӣ низ кардааст, ки мо намунаи онҳоро дар боло овардем. Бинобар ин, мо дар ин мавқеъ бо овардани ду намунаи дигар аз ғазалҳои Ҷомӣ, ки дар пайравӣ аз Ҳасан суруда шудаанд ва аз лиҳози вазн, радифу қофия ва мавзӯву мазмуну ғоя ҳамоҳанганд, басанда менамоем:

Эй ҳама шодии дилат аз ғаму аз балои ман,
Ғарқи балои ишқи туст ин дили мубталои ман.
Бар дили ман чу шаҳна шуд ишқи дароздасти ту,
Хайма бурун зад аз ҷаҳон сабри гурезпои ман.
Оҳ, ки бар умеди ту умр гузашту ҳамчунон
Монда ба пардаи адам ҳоҷати норавои ман.
Қиссаи меҳнати маро шарҳу баён чӣ ҳоҷат аст,
Ашки равони ман нигар сурати моҷарои ман.
Қиблаи ҷони ман туӣ, Каъба чӣ кор оядам,
Ҳалқаи гесӯи ту бас силсилаи дуои ман.
Лофи вафои ту занам бас қадами сагон-тро,
Хок чаро намешавам? Хок бар ин вафои ман!
Нест хато, ки чун Ҳасан бӯса задам дари туро,
Пеши камоли афви ту саҳл бувад хатои ман.15
Ҳасан
Эй зи ту кӯҳ-кӯҳ ғам бар дили мубталои ман,
Нест муроди хотират ҷуз ғаму ҷуз балои ман.
Ҳар мижа карда ҷӯи хун бар рухи ман равон, вале
Кист, ки бо ту дам занад аз ману моҷарои ман?
Меҳру вафои ман мабин, тарки ҷафои худ бикун,
З-он ки ҷафои чун туе нест кам аз вафои ман.
Гар чу сагон диҳанд раҳ дар паи маҳмили туам,
Чарх ба фарқи сар кашад ҳавдаҷи кибриёи ман.
Номасифат сиёҳрӯ монам, агар на фазли ту
Хомаи мағфират кашад бар варақи хатои ман.
Бод ҳамеша, то бувад ному нишон зи буди мо,
Маснади ноз ҷои ту, хоки ниёз ҷои ман.
То ба карашма гуфтаӣ, мардуми чашми Ҷомиям,
Чашми сипеҳр мебарад сурма зи хоки пои ман!16
Ҷомӣ
Маро дар кӯи ишқат хонае ҳаст,
Зи дурди дарди ту паймонае ҳаст.
Равон шав, ин тараф, эй ганҷи хубӣ,
Нагӯям кулбаи вайронае ҳаст.
Агар ёрони ту наззора хоҳанд,
Бигӯ, дар кӯи мо девонае ҳаст.
Миёни ақлу ишқ ислоҳ натвон,
Зи мору боғбон афсонае ҳаст.
Нагардам гирди шамъи васл, лекин
Зи девони ғамат парвонае ҳаст.
Манам фардову кунҷи хилвати хос,
Авоми халқро кошонае ҳаст.
Ҳасан ҷои ту андар чашми худ кард,
Ҳам ин ҷо бош, холӣ хонае ҳаст.17
Ҳасан

пешина
аз 86
навбатӣ