Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
ҲАСАНИ ДЕҲЛАВӢ ВА АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Нодираҳусн омаду нодиртар он-к
Ҳамчу Ҳасан нодирагӯ хостаст.
Ҳасани Деҳлавӣ
Мусаллам аст, ки татаббӯъ ва пайравӣ ба тӯтиёни Ҳинд, яъне Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ, пеш аз замони зиндагонии Ҷомӣ шурӯъ шуда буд. Хусусан, Камоли Хуҷандӣ дар ин замина ном бароварда буд ва иштиҳор дошт:
Камол, аҳсант, гӯ бурдӣ ба ширингӯӣ аз Хусрав,
Чунин тӯтӣ ба Ҳиндустон агар бошад, аҷаб бошад!1
Камол, ин шеър агар мурғе барад бар пар ба Ҳиндустон,
Биёяд тӯтию аз ту сухан омӯхтан гирад.2
Ҷомӣ, ки саромади шоирони асри 15 маҳсуб меёбад, чун шуарои қабл аз худ, аз ҷумла Камол, ба Хусраву Ҳасан дилбастагии зиёд дошта, ашъорашонро мавриди истиқболу тазмин қарор додааст. Масалан, ӯ дар ин ғазал, ки ҳам дар пайравии Хусрав ва ҳам Ҳасан гуфтааст, аз ҳар ду ба номи «тӯтиёни Ҳинд» ном мебарад:
Зулфи ту моҳро ба сияҳпӯшӣ оварад,
Шаброву рӯзро ба ҳамоғӯшӣ оварад.
Лаълат ба хатти сабз чу соқӣ шавад ба базм,
Хизру Масеҳро ба қадаҳнӯшӣ оварад.
Бехуд шудам зи лаъли ту, оре, ҳамин бувад,
Хосияти шароб, ки беҳушӣ оварад.
Чун дар қабо хиром кунӣ, шавқи хидматат
Арбоби хирқаро ба қабопӯшӣ оварад.
Аз ёди туст зиндагиям, май намехӯрам,
Мастӣ мабодам аз ту фаромӯшӣ оварад.
Ҳар ҷо расӣ чу шоҳ, рақибат ба пеши роҳ
Бар ошиқон сиёсати човушӣ оварад.
Бар тӯтиёни Ҳинд бибандад забони нутқ,
Ҷомӣ чу рӯ ба сеҳри суханкӯшӣ оварад.3
Аммо Ҷомӣ дар мақтаи ин ғазал, ки онро ҳам дар пайравӣ аз ғазалҳои онҳо навиштааст, як мисраи Ҳасанро тазмин менамояд:
«Наззораи ҷамоли ту беҳушӣ оварад»
В-аз ёди ҳар кӣ ҷуз ту фаромӯшӣ оварад.
Дар дил шикаст новаки оҳам, чӣ ҳоҷат аст,
К-аз хат рухи ту расми зиреҳпӯшӣ оварад.
Набвад ба ғайри ишқ ҳунар, чун кашӣ ниқоб,
Бас беҳунар, ки рӯ ба ҳунаркӯшӣ оварад.
Чун ҷом гирад аз лаби ту ком, рашки он
Ушшоқро ба хуни ҷигарнӯшӣ оварад.
Мурдам зи нола, кош ниҳӣ бар даҳон маро
Муҳре зи лаъли хеш, ки хомӯшӣ оварад.
Гар чун ниҳоли тозаву тар қад кашӣ ба боғ,
Дар шохи хушк майли ҳамоғӯшӣ оварад.
Ҷомӣ чӣ сон ба ҳоли худ афтад, ки дам ба дам
Ҳушаш барад ғами туву мадҳушӣ оварад.4

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор