Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Мегӯянд, ки дар он вақт, ки он дирамҳо овардандӣ, дар ҳаммом буд ва чун аз ҳаммом берун омад, бист ҳазор дирам ба ҳаммомӣ дод ва бист ҳазор ба фаққоъие, ки фақоеъе чанд ба даст оварда буд ва бист ҳазор ба он касоне, ки онро оварда буданд. Ва султонро ба чиҳил байт камобеш мазаммат кард, ки аз он ҷумла аст ин чанд байт. Маснавӣ:

Агар шоҳро шоҳ будӣ падар,
Ба сар барниҳодӣ маро тоҷи сар.
Чу андар табораш бузургӣ набуд,
Наёрист номи бузургон шунуд.
Дарахте, ки талх аст онро сиришт
В-араш дарнишонӣ ба боғи биҳишт,
В-ар аз ҷӯи Хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангабин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх ба бор оварад.

Пас аз он махфӣ шуд. Ҳарчанд вайро талаб карданд, наёфтанд. Баъд аз чанд гоҳ Хоҷа Ҳасани Маймандӣ, ки мартабаи вазорат дошт, дар шикоргоҳе байте чанд аз «Шоҳнома», ба тақрибе, ки воқеъ шуда буд, бихонд. Султонро бисёр хуш омад. Пурсид, ки ин шеъри кист?

-Гуфт:

-Шеъри Фирдавсӣ.

Аз он кардаи худ пушаймон шуд ва фармон дод, то шаст ҳазор динор зари сурх бо хилъатҳои хос номзади Фирдавсӣ кунанду ба Тӯс баранд. Аммо толеъ мусоадат накард. Чун атийяро ба як дарвозаи Тӯс дароварданд, тобути Фирдавсиро аз дигар дарвоза берун бурданд. Ва аз вай ворис як духтар монда буд. Онро бар вай арз карданд. Ҳиммат варзиду қабул накарду гуфт:

-Маро чандон молу неъмат, ки кифояи маишат бошад, мавҷуд аст. Эҳтиёҷ ба он надорам. Гумоштагони султон онро ба иморати работе дар он навоҳӣ сарф карданд. Қитъа:

Хуш аст қадрношиносӣ, ки чун хамида сипеҳр
Сиҳоми ҳодисаро кард оқибат қавсӣ.
Бирафт шавкати Маҳмуду дар замона намонд
Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фирдавсӣ».7

Зимнан бояд гуфт, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ низ дар тазкирааш қариб айнан ҳамин маънию ҳамин мазмунро, ки Ҷомӣ овардааст, меорад, аммо бо изофаву афзудани сару барги зиёдтар. Чунончи, ӯро сухансарое бузургу беназир муаррифӣ менамояд ва дар ин замина ӯ ду шеър меорад, ки яке аз Ибни Ямин аст:

Сиккае, к-андар сухан Фирдавсии Тӯсӣ нишонд,
Кофирам, гар ҳеҷ кас аз зумраи фурсӣ нишонд.
Аввал аз болои курсӣ бар замин омад сухан,
Ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд.8

пешина
аз 86
навбатӣ