Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ин ҷо ба назарам, барои шоирони таммоъ ва хурофотӣ на танҳо бегона будани ғояҳои «Шоҳнома», хусусан сиришти ватандӯстии он ва ашрофиятпарастии эрониаш сабаб шудааст, балки аслан баъди асри 11 дигар падид наомадани шароити «Шоҳнома»-сароӣ низ ба он боис гардидааст. Шояд бадгӯиҳои Унсуриву Муиззӣ ва мисли онҳо нисбат ба «Шоҳнома» ва ҳокимони замони худро қаҳрамон ангоштани он гуна шоирони маддоҳ низ бетаъсир набошад. Танзими шоҳномаҳои муосирро барои шоирони нимаи дувуми асри 15 ва чоряки аввали асри 16 худи шоҳон ё авлоди онҳо месупурданд. Ҳамаи ин навъ маснавиҳо аз сиришти халқӣ ва ғояҳои гуманистӣ орӣ мебошанд. Дар ин қабил асарҳо фақат инъикоси кушторҳо, тороҷҳо ва харобиовариҳои «қаҳрамон»-ҳояшон ҷанбаи реалистӣ доранд. Вале дар ҳамин замон, чунонки ишора рафт, як силсила, «Искандарнома»-ҳо (Ҷомӣ, Навоӣ ва дигарон) ба майдон омаданд, ки орзую ормони халқро роҷеъ ба идеали иҷтимоии подшоҳи одил ва ҳатто ҷамъияти мусовотро таҷассум мекарданд».4 Оре, рӯҳи миллӣ, ки баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ба заъф гароида буд, дар ин аср дар муқобили рӯҳи мазҳабӣ ва ҳокимони бегона маҷоли муқовимат надошт. Аз ин рӯ, гӯяндагон танҳо бо судҷӯӣ аз вазну мазмуну мавзӯи «Шоҳнома» иктифо мекарданд ва ба ғояву ормонҳои он, ки ташкили як давлати миллӣ ва ситоиши қаҳрамонони эрониву озодагон ва ба сари давлат нишастани як фармонравои миллӣ буд, аз паси панҷа менигаристанд. Ба андешаи муаллифи китоби «Таърихи адабиёти Эрон» Забеҳуллоҳи Сафо, «дар ин даврон (асри 15-Ҷ. С.) ба сабаби ҷангҳои паёпай, шикастҳои паёпай ва масоиби гуногун сухан аз ҳамосаи миллӣ дар миён наметавонад буд, аммо назми манзумаҳое ба шеваи манзумаҳои ҳамосӣ дар шарҳи ҳоли гарданкашони аср ё дар зикри мағозӣ ва мафохири бузургони дин, чунон ки дар қарни ҳафтум ва ҳаштум пеш омада буд, маълум буд. Аз миёни ҳамосаҳои таърихӣ ё таърихҳои манзум, ки ба вазну ба шеваи ҳамосии «Шоҳнома»-и устоди Тӯс дар ин аҳд падид омад, яке манзумаест, ки Шарафиддин Алии Яздӣ (808) дар зикри ҳунарҳои Темури «Соҳибқирон» тартиб дод. Дигар, «Баҳманнома»-и Озарӣ (866), шарҳи салтанати салотини Баҳмании Дакан аст. Манзумаи дигар аз ин навъ ҳамосаҳои таърихӣ «Темурнома»-и дар боби зиндагонӣ ва футӯҳоти Темур аз Мавлоно Ҳотифии Харҷурдӣ аст, ки ба номи султон Ҳусайни Бойқаро ба назм даромада ва гоҳ низ «Зафарнома» хонда шудааст. Ҳотифӣ манзумаи дигаре аз ҳамин навъ ба номи «Шоҳнома» дар футӯҳоти шоҳ Исмоил дорад. Мирзо Қосими Гунободӣ низ чанд манзума аз навъи ҳамосаҳои таърихӣ ба номҳои «Шоҳрухнома», «Шоҳномаи Қосимӣ» ва «Навоби Олӣ» дорад. Муҳимтарин манзума аз навъи ҳамосаҳои диниро дар ин аҳд Мавлоно Муҳаммад бинни Ҳисомиддин, машҳур ба Ибни Ҳисом (875), сурудааст. Номи ин манзума «Ховарнома» аст ва шоир онро ба соли 830 дар зикри сафарҳо ва ҷангҳои Алӣ дар сарзамини Ховарон сурудааст».5 Аммо бо ин ҳама тағйиротҳо дар достонсароӣ, таназзул ва бетафовутӣ ба гузаштаи пурифтихори Эрон, номусодии шароит, вазъи ноҳинҷори миллат, заъфи рӯҳи миллӣ, аҳли адаб аз «Шоҳнома» ба ин ё он навъ суд меҷустанд ва ҳамчун сармашқи кори эҷодӣ ба он муносибат мекарданд. Ҷомӣ яке аз ҳамин гуна адибон буд, ки ба «Шоҳнома» ошноии хуб дошт. Ва мо ин ошноии ӯро аз ин абёти Фирдавсӣ:

пешина
аз 86
навбатӣ