Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ёр аз ёр кунад касби камол,
Ёр аз ёр барад ҷоҳу ҷалол.34

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 7, Душанбе, Адиб, 1989, с. 439-441.
  2. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, Душанбе, Адиб, 1987, с. 156.
  3. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 8, Душанбе, Адиб, 1990, с. 202.
  4. Ҳамон ҷо, с. 199.
  5. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 7, с. 35.
  6. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, 1986, с. 110.
  7. Ҳамон ҷо, с. 112.
  8. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. Душанбе, Адиб, 2007, с. 51.
  9. Ҳамон ҷо, с. 120.
  10. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, Душанбе, Адиб, 1988, с. 382.
  11. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор, с. 176.
  12. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 356.
  13. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор, с. 329.
  14. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 263.
  15. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор, с. 321.
  16. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 268.
  17. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор, с. 61.
  18. Ҳамон ҷо, с. 300.
  19. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 338.
  20. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор, с. 349.
  21. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, Душанбе, Адиб, 1988, с. 244.
  22. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор, с. 100.
  23. Ҳамон ҷо, с. 107
  24. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, с. 276.
  25. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор, с. 52.
  26. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, с. 303.
  27. Ҷамолиддин Саидзода. Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ. Душанбе, 2009, с. 9-10.
  28. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, Душанбе, Адиб, 1988, с. 108.
  29. Ғуломҳусайни Юсуфӣ. Чашмаи равшан. Теҳрон, 1388, с. 26.
  30. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 46-48.
  31. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. Душанбе, Адиб, 2007, с. 76-78.
  32. Аълохон Афсаҳзод. Ҷомӣ-шоири ғазалсаро. Душанбе, Маориф, 1989, с.64
  33. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, с. 19.
  34. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, с. 110.

ФИРДАВСӢ ВА ҶОМӢ

Ки ҳар кас, ки дар сухан дод дод,
Зи ман ҷуз ба некӣ надорад ёд.
Фирдавсӣ

Пас аз инқирози давлати миллии Сомониён ва ба тахт нишастани Маҳмуди Ғазнавӣ ва соири сулолаҳои турку муғул рӯҳи миллӣ ба заъф гароид ва рӯҳи мазҳабӣ ҷойгузини он гардид. Хусусан, ба суннати шоҳномасароӣ, ки баҳри тарбия ва парвариши рӯҳи миллӣ аҳамияти бисёр муҳим дошт, зарбаи сахт зад. Ҳақ бар ҷониби устод Холиқ Мирзозода аст, ки мегӯяд: «Ба сабаби кишвари Осиёи Миёна ва Эронро забт кардани аристократияи турк, таъқиб шудани ҳиссиёти ватандӯстии мардуми эронӣ, дубора қувват гирифтани таъсири хилофати араб ва таъқиб гардидани ҳаракати шуубия ва махсусан муносибати манфии султон Маҳмуд ба шоҳномасарои бузург Фирдавсӣ анъанаи шоҳноманависӣ ба таназзул рӯй овард. Ҳарчанд ки дар мисоли «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ, «Бахтиёрнома»-и Мухторӣ, «Сомнома», «Барзунома», «Ҷаҳонгирнома», «Фаромарзнома», «Бону Гуштаспнома», «Баҳманнома», «Кӯшнома», (муаллифонашон номаълум) дар мавзӯи қаҳрамонӣ ва қаҳрамонони қадим эҷод намудани достонҳо вуҷуд дошт, вале он қувват, таъсир ва мундариҷаи ғоявие ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дорост, надошт. «Искандарнома»-и Низомиро давоми анъанаҳои искандарномаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мешуморанд, ҳол он ки ин достон баъд аз Фирдавсӣ анъана ва равияи ғоявии нав пайдо карда буд. Ин достон аз хислати қаҳрамонӣ дида, бештар мундариҷаи адолатхоҳӣ ва ҳакимона пайдо кардааст, ки ин маъниро хирадномаҳои достони Низомӣ ва Ҷомӣ тасдиқ менамоянд».1 Дар ҳақиқат, агарчи достонҳои Низомӣ ва Ҷомӣ дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эҷод шудаанд, аммо дорои вижагиҳои тоза ва ғояи нав мебошанд. Дар ин достонҳо рӯҳияи мазҳабию адолатхоҳона ва ахлоқиву ҳикамӣ бар рӯҳи қаҳрамонию миллӣ, ки Фирдавсӣ тасвир ва тарғиб менамояд, ғалаба доранд. Аз ин рӯ, агарчи Низомӣ дар халқи образи Искандар нақши Фирдавсиро махсус дар «Искандарнома»-и хеш таъкид менамояд:

пешина
аз 86
навбатӣ