Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Таҳлили чанд ҳикояи Сорбон ва аз нақду таҳлили адабиётшиносон метавон ба ин аён мегардад, ки нависанда аз оғози эҷодиёт то ба имрӯз дар қолаби ин жанри анъанавӣ муҳимтарин мавзӯоти ҳаёти иҷтимоӣ, падидаву зуҳуроти фарҳангиву сиёсӣ, муносибати наслҳо, тазодҳои нерӯҳои гуногун, масъалаҳои ҳалталаби замон, ишқу муҳаббат, адолату садоқат, хиёнату разолат ва умуман сарнавишту тақдири одамони дорои тафаккур ва ҷаҳонбинии гуногунро тасвир намудааст.
Дар идомаи ин фасл сухан аз вежагиҳои жанри повест дар осори Сорбон рафта, қабл аз таҳлили осор афкори муҳаққиқони назарияи адабиёт Л.И.Тимофеев, Ф.М.Головенченко, Л.В.Шепилова, Ю.Бобоев, Х.Мирзозода, Сируси Шамисо, М.Шукуров, Р.Мусулмониён, А.Сайфуллоев, Ю.Салимов, Н.Салимов ва дигарон дар тавзеҳи қонунмандиҳои ин “асари сервоқеаю сермоҷаро” оварда шудааст.
Омӯзиши ин масъала равшан сохт, ки бо вуҷуди нисбатан навистифода будани жанри повест дар адабиёти тоҷик дар он вижагиҳои сохтории осори ривоятӣ ва муаллифии суханварони гузашта ба назар мерасад.
Ҳамчунин тарҳу мундариҷаи дар адабиёти рус шаклгирифтаи он боис шуд, ки нависандагони тоҷик низ ба тасвири ҳаматарафаи ҳаёти иҷтимоӣ ва сарнавишти одамон муваффақ гарданд. Адибон бо корбасти ин навъи адабӣ тавонистанд, ки воқеаҳою шахсиятҳои зиёдро ба хотири бозтоби амиқи зиддият, характер, муаммоҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва маънавӣ, ҳадафҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар заминаи як хатти устувори сужет тасвир намоянд.
Ба жанри қисса рӯй овардани Сорбон бесабаб набуд, зеро аз солҳои 60-уми асри гузашта сар карда, адибон барои баёни масоили гуногуни иҷтимоӣ-таърихӣ аз имкониятҳои сохторию қолаби повест истифода намуданд.
Сорбон дар солҳои 70-уми асри XX повестҳои «Занги аввал» (1970), «Санги сипар» (1971), «Ҷугӣ» (1973), «Буд, набуд» (1974), «Шинел»-ро (1976) эҷод кард, ки ҳосили ҷусторҳои ғоявию эстетикӣ, образофаринӣ, тадқиқи муфассалу амиқи характер, тасвиргарии ҳолатҳои рӯҳии инсон ва дигар ҷилваҳои ҳунарии ӯ мебошанд.
Сорбон дар қиссаҳои «Занги аввал» ва «Санги сипар» барои ҳаллу фасли масъалаҳои ахлоқӣ бештар оҳанг ё услуби шадиди драмавиро ба кор бурд. Қаҳрамонони мусбати ин қисса дараҷаи баланди эҳсосот ва туғёни рӯҳи инсони покро таҷассум менамуданд ва дар зимни рафтори худ симои ҳақиқии шахсиятҳои идеалии замони худро бозтоб медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор