Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин бора Ш. Раҳмонов қайд кардааст, ки «Як маънию мазмун метавонад дар вазнҳои гуногун ифода ёбад. Мазмунҳои гуманистӣ, ватандӯстӣ, ахлоқӣ вирди забони тамоми шоирони ҷаҳон буда, намиранда ва абадӣ вуҷуд доранд [108, 129]. Ҳақназар Ғоиб низ бештари шеърҳояшро ба ин мавзӯот бахшидааст ва ангезиши маънову шакл дар таҷрибаи шоирон дар марҳалаҳои гуногуни эҷодиёташон ба назар мерасад.

Дар байни жанрҳо ва навъҳои шеър, ки устод Ҳақназар эҷод кардааст, махсусиятҳои гуногуне мебинем, ки ба вазну қофия бештар вобастагӣ доранд. Классикони форсу тоҷик ва ҳатто донишмандони муосир дар муайян шудани жанрҳо ва навъҳои шеър нақши муҳимми қофияро таъкид кардаанд. Яъне қофия шеърро ба гурӯҳҳо ҷудо карда, дар байни онҳо тафриқа оварда, барои муайян шудани хусусиятҳои ҳар кадом вобаста ба табиаташон нақш бозидааст. Б. Сирус доир ба ин масъала гуфта буд: «Мо бояд ин ташаббуси шоирони моро ҳимоя ва табрик карда, дар айни замон кӯшиш кунем, ки онҳоро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намоем. Аксарияти томи ин типҳои нави қофия ҳақиқатан лоиқи диққат аст» [122, 159].

Ҳақназар Ғоиб ба табиати дохилии қофияҳо диққат дода, ба навоварии мазмуну мундариҷа ва ифодаҳои бадеӣ бештар рағбат менамояд. Шеърҳои эҷодкардаи ӯ дар шакли суннатӣ ва ҳам дар шакли нав тавлид ёфтаанд. Шакли суннатии шеър дар қадим аз як қофиягӣ ва ду қофиягӣ оғоз мешуд. Масалан, шеър аз қофияи А сар шавад, давомаш қофияи Б мешуд. Баъд шоирон дар натиҷаи инкишофи ин ду навъи қофия дар алоҳидагӣ ва якҷоя навъҳои нави онро мисли АБ, БА, АА, ББ ва ғайра пайдо менамуданд.

Ҳақназар Ғоиб дар шаклҳои гуногуни навъҳои қофия шеър гуфтааст, ки чанд намуна аз онҳоро ҳамчун мисол пешниҳод мекунем:

Дар синаи ман гули муҳаббат бишкуфт,

Садбарги гулобии саодат бишкуфт.

Ин ранг нишонае зи хуни ҷигар аст,

Ин ғунча ба сад ҳазор заҳмат бишкуфт [13, 154].

Дар рубоии боло калимаҳои «муҳаббат», «саодат» ва «заҳмат» қофия шуда, дар шакли қофиябандии АА, БА омада, ҳарфи «т» равии муқайяд ва ҳарфи «а», ки пеш аз равии муқайяд аст, тавҷеҳ мебошад. Дар ин се калимаи қофия тавҷеҳ такрор шудааст ва қофия ба гурӯҳи қофияҳои муқайяд дохил мешавад.

пешина
аз 114
навбатӣ