Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Соли 1992 Тоҷикистонро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт. Ҳақназар Ғоиб ба ин муносибат як силсила чунин ғазалҳо навишта, вазъияти ноҳинҷори ватанро равшану воқеӣ тасвир кардааст:

Мо ки ба ғайри хок шароби талх диҳем,

Бар якдигар пиёлаи хун лаб ба лаб диҳем.

Пӯшем рӯйи ҷаннатии офтоби хеш,

Дунё ба ихтиёри сияҳғӯли шаб диҳем.

Бо сад динор як ғами бегонаро харем,

Бо як фулус қимати аслу насаб диҳем… [14, 59].

Рубоӣ ҳам аз жанрҳои дӯстдоштаи адибони тоҷик ба шумор рафта, дар замони ҳозира дар эҷодиёти шоирони тоҷик ва форсизабонон васеъ истифода мешавад.

Мунаққиди Эрон Алиасғари Шеърдӯст қайд менамояд, ки: «Мутақаддимон ин қолаби куҳани шеъри форсиро бештар барои баёни мазомини ирфониву фалсафӣ ба кор бурдаанд. Аммо дар давраи муосир доираи мавзӯоти рубоӣ густариш ёфтааст ва мазомини мухталифи ғаноӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва… ҳам дар қолаби рубоӣ ба назм кашида мешавад» [149, 154]. Аз шоирони мо Ҳақназар Ғоиб дар ин навъи шеър зиёд қувва озмудааст. Рубоиёти шоир дар маҷмӯаҳои «Тӯшаи роҳ», «Тоҷи офтоб», «Чашми саҳар», «Зинароҳ» гирд оварда шуданд, аз рӯйи шумури мо то соли 1986 дар эҷодиёти шоир 163 рубоӣ ба мушоҳида расид:

Он мард чӣ мард, ки надорад дунё?

Он мулк чӣ мулк, набвадаш марди шуҷоъ?

Он рӯд чӣ рӯд, ки надорад чашма?

Он чашма чӣ чашма, ки надорад дарё? [10, 167]

Аз нуқтаи назари адабиётшинос Р. Мусулмониён қофияҳои рубоӣ ба дубайтӣ шабоҳат дорад. Аксаран сохти қофияи рубоӣ ааба буда, мисраи сеюм озод мемонад. Дар ин сурат онро рубоии хасӣ ва дар сурати ҳар чаҳор мисраъ ҳамқофия будан онро рубоии тарона меноманд [102, 162]. Рубоии зерини Ҳақназар Ғоиб тарзи қофиябандии ааба дошта, дар шакли рубоии халқӣ эҷод шудааст.

Бояд ки бақадри дӯстон боз расем,

То бар сари кӯяшон ба парвоз расем.

Ҳаргиз нашавем сер аз чеҳраи хуш,

Як умр ба қадри ишваю ноз расем [10, 169].

Дубайтӣ ҳам дар маҷмӯаи «Тоҷи офтоб» мавқеи муносиб дорад. Он аз ҷиҳати миқдор нисбат ба рубоӣ камтар буда, ҳамагӣ 68 адад ба назар мерасад. Аввалин дубайтиҳои шоир дар маҷмӯаи «Тӯшаи роҳ» гирд оварда шудааст. Дубайтӣ жанри мустақил буда, мавзӯъҳои шикоят, муҳаббат, ҳаҷву танқид ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Дубайтӣ асосан чунин тарзи қофиябандӣ дорад: ааба, яъне мисъраи сеюм аз қофия озод аст. Ш. Раҳмонов қайд кардааст, ки «Ғазал ва рубоиву дубайтӣ аз қадим дар таъсири ҳамдигар камол ёфтанд [108, 105]. Ҳақназар Ғоиб дар эҷод намудани дубайтӣ саҳм дошта, намунаи зерин гувоҳи он мебошад:

пешина
аз 114
навбатӣ