Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

То кунун ишқи ту рахшад ба дилам,

Ҳамчу маҳтоб аз паси абри сияҳ.

Бод кай абр пароканда кунад,

Ханда резад ба дилам дидаи маҳ [10, 59].

Дар мисраъҳои боло ташбеҳ образнок, дилчасп ва бамавқеъ истифода шудааст. Рахшидани ишқро ба рахшидани маҳтоб монанд мекунад. Пас аз пароканда кардани абри сияҳ бод ба дили ошиқ аз хушбахтӣ ва висол дарак медиҳад. Дар маҷмӯаи «Тоҷи офтоб» ду мусаммати мусаллас зебо нигошта шудааст:

Боз аз барқи нигоҳи ту ба худ печидам,

Лаҳзае бо ту гули хотираҳоям чидам…

Зи шабохун задани ишқ зи худ кебидам…

…Боз пеши назарам шӯъла бизад барқи рухат,

Ки туро бо нафаси ғунчаи гул бӯсидам…

Зи шабохун задани ишқ зи худ кебидам… [10, 72].

Рубоии зер бо услуб ва бунёди халқии худ, бо мазмуну образҳои зебои шоирона ва оҳангнокию мутантанияш фарқ мекунад:

Ҳарчанд дили ман аз бароят зор аст,

Пеши ту, вале хомӯшиям ночор аст.

Хоҳам ба забон биёрам ишқи ту, вале

Оташ ба забон гирифтанам душвор аст [10, 165].

Муҳаббати қаҳрамони лирикӣ ба маҳбуба аҷаб нозук ва зебою мунаққаш оварда шудааст. Калимаҳои «зор», «ночор», «душвор», «оташ ба забон гирифтан» дар ҳамин рубоӣ латифу гуворо ва рангин омадааст. Шоир ишқу муҳаббатро ба оташ ташбеҳ карда гуфтааст, ки дар хусуси ишқи маҳбуба гап задан мисли оташро ба забон гирифтан мебошад. Ташбеҳи мазкур оҷизии қаҳрамони лирикиро дар назди маҳбуба нишон надода, балки садоқати ӯ, муҳаббати бепоёни ӯро бо лутфи шоирона инъикос менамояд.

Дар чаҳорпораи зерин аз ашъори шоир «гули офтоб», ки истиораи қуфли гиребон аст, ин ҷо ба сари тасвир зебоии хаёлангез рехтааст.

Духтари Кӯлоб, эй куртачакан,

Гули офтоб, эй куртачакан.

Тоҷи тоҷикӣ бар фарқи сарат,

Гули офтоб дар пеши барат [24, 182].

Чунонки мебинем, ашъори Ҳақназари Ғоиб хеле сода, равон ва дилчасп гуфта шудааст. Ин шояд аз он ҷиҳат дилчаспу равон аз зеҳни худододи ӯ баромадааст, ки агар аз зарбулмасалу мақол ва гуфтаҳои пандомези халқӣ гули мақсуд чидааст, дар сурудаҳояш аз калимаҳои арабӣ хеле кам истифода менамояд.

Дар ашъори Ҳақназар Ғоиб дигар навъҳои санъатҳои бадеӣ низ фаровон истифода шудаанд. Шоир барои тасвир кардани ягон касе ё чизе гоҳо сифатеро меорад, ки яке аз муҳимтарин хусусиятҳои касе ё чизеро нишон медиҳад. Дар мисоли зер калимаи «модар» чун тавсиф истифода шудааст:

пешина
аз 114
навбатӣ