Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Оҳ, гуфтам,
Бар сари фарзанди одам ҷанг омад.
Ҷанг аз фарзанди бофарҳанги бефарҳанг омад,
Паҳнаи олам ба одам танг омад.
Оҳ гуфтам,
Оҳ, эй Модар – Замин,
Зумрае аз тифлакони носазоят,
Медиҳанд имрӯз аз хунрезиҳои худ ҷафоят [14, 10].
Шеърҳое, ки Ҳақназар Ғоиб дар ситоиши волидон эҷод кардааст, дар қалби хонанда меҳр афзун гардонда, ҷомеаро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд. Дар ин шеърҳо нақши падар чун тимсоли мардонагию қаҳрамонии арсаи меҳнату мубориза ва ҳамчун шахси носеҳу дилсӯз, меҳрубон ба тасвир омадааст. Модар, ба андешаи шоир, азизтарин шахси ғамхор барои фарзандону хонадон буда, хушбахтию комронии тифл аз ӯст ва бо ӯ зебанда аст. Аз ин ҷониб месазад, ки волидонро дӯст дошта, ба қадру манзалати суханҳои ҳамчун дуру қиматбаҳою ноёфтаниаш бикӯшем. «Модар, бешак, аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз дониши ӯ оғоз мегирад. Зан мураббист, на ба он хотир аст, ки сухан мегӯяд, балки ҳамчун модар хислатҳои неки инсониро ба кӯдак тавассути шири сафед, бо муҳаббат интиқол медиҳад. Маҳз модар, дар қалби фарзандон тухми муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва накукорӣ мекорад, то оянда насли наврас чун фарди масъулиятшиносу меҳнатқарин, созандаву бунёдкор, инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад», навиштааст Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон [124, 1].
Мавзӯи модар дар назми муосири тоҷик мавқеи махсус дорад. Шоире нест, ки ба шахси муқаддасе мисли Модар шеър набахшида ва ӯро тараннум накарда бошад. Ин мавзӯъ махсусан дар эҷодиёти адибони барҷастаи тоҷик устод Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва Ҳақназар Ғоиб ба пояҳои баланди ғоявию бадеӣ расидааст. Модарномаҳои Эраҷ Мирзо ва Сергейи Есенин ҳамчунон маълум ва машҳур мебошанд. «Барои санъаткор, – қайд кардааст устод Турсунзода, – воситаи тасвир беҳисоб аст ва ӯ метавонад он воситаро интихоб кунад, ки дар айни ҳол ба назарам вай аз ҳама воситаҳои дигари тасвир бештар даркор бошад» [ 47, 316].
Муҳимтарин воситаи тасвир, ки Ҳақназар Ғоиб ба тавассути он муносибати худро ба зиндагӣ, сулҳу дӯстӣ, ошиқӣ, некукорӣ чунин падидаҳои ҷомеи инсонӣ возеҳ нишон додааст, бузургтарин хислатҳои зан – модар мебошад. Устод Турсунзода таассуроташро нисбат ба модари хеш, ки айёми туфулӣ аз ӯ маҳрум шудааст, иброз дошта, дар симои модари хеш кулли модарони тоҷикро ба мушоҳида мегирад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор