Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шоир нисбат ба эҷодиёти бадеӣ, хусусан ба шеър серталаб буда, дар он тафаккури ахлоқӣ доштанро муҳим мешуморад ва моҳияти аслии шеърро ба мушоҳида мегирад. Ашъори лирикию ишқии шоир бо ҳиссиёти баланди шаҳрвандӣ, бо муҳаббати бепоёни нисбат ба аҳли ҳунар, ба осори санъаткорон дилсӯзии тамом доштан навишта шудааст. Ин шеърҳо ба ҷуз садои дили меҳрпарвари Ҳақназар садои дили халқ низ мебошад. Дар ашъори ӯ пайвандию пайдарҳамӣ ва шиддати фикру ҳиссиёт дида мешаванд. Он нишонаи баланд рафтани эҳсосот ва ақлу заковати муаллиф, нишонаи ба ҳар ҳодисаю воқеа амиқ дахл кардан, ба ҳар рӯйдоди олам мушаххас баҳо додан, фикру андешаи муттасили соҳибсухан ба тақдиру қисмати ояндаи инсоният ва умуман олами мавҷудот мебошад. Шеъри фалсафӣ ва интеллектуалӣ талаби замон буда, аз хусусиятҳои ғании шеъри гузашта бунёд гирифтааст. Ҳамаи анъанаҳои пешқадам бо афкори фалсафии гузаштагон, бо фаҳмиши имрӯзаи зиндагии халқ ва ҳаёти ҷамъиятӣ сахт тавъам мебошад.

Зебоӣ ва нотакрории ҳар шеъри ошиқона дар худ ҳолате, рӯҳияе, манзарае, фазо ва эҳсоси муайян доштааст. Шоир дар онҳо аз васлу ҳиҷрон, дарду ҳасрат, хотирот, хушиҳои ҷавонию ормонҳои пирӣ, аз баҳору хазон, гулу хори ишқ сухан мегӯяд. Ишқияҳояш фаровону гуногун буда, хонанда чизи муносиби аҳволи хеш, мувофиқи эҳсосу андешаҳояш пайдо менамояд:

Танам аз тору пуди ишқ будаст,
Дилам кони суруди ишқ будаст.
Худовандӣ, маро хушбахт гардонд,
Ки ҳарфам аз дуруди ишқ будаст [14,74 ].

Ашъори ишқӣ олами рангини ҳаяҷони инсонро бо тобишҳои мухталиф нишон дода, бунёди инсоншинохтиашро устувор мегардонад. Замони ҳозира давраи авҷу барор ва нашъунамои ишқиясароӣ дар шеъри тоҷик мебошад. Дар ягон давраи пештараи адабиёти шӯроии тоҷик ишқия ба ин дараҷа доман паҳн накарда буд, ки имрӯз васеъ доман паҳн кардааст. Сабаби асосии чунин равнақ гирифтани ишқи маҳрамона, тағйироти сиёсию иҷтимоии ахлоқӣ бар асари Инқилоби Октябр ва пайомадҳои он аз баробар донистани ҳуқуқи зану мард, аз чодару фаранҷӣ ва ҳарамхона озод гаштан ва ба корҳои ҷамъиятию давлатӣ ҷалб шудани занону духтарон, дар ҳама кору фаъолият паҳлуи ҳамдигар будани зану мард, тадриҷан аз байн рафтани никоҳи маҷбурӣ, интихоби озодонаи ҳамсар, баргузор кардани тӯйҳои наварӯсон, ҷорӣ гардидани тӯю маърака ва ҷамъомадҳои навини аврупоӣ, манъ шудани исрофкорӣ дар тӯю маърака, беҳ гардидани маишату фароғат, осоишу рифоҳияти мардум аст. Ёрон дар душвортарин лаҳзаҳои зиндагӣ ҳам ҳеҷ гоҳ ишқро фаромӯш накарда ва аз он рӯ натофтаанд. Чунин тағийроту навгониҳо, ки махсусан пас аз инқилоб ба тоҷикон расида, алалхусус чашми занону духтаронро ба олами кабир боз кард, пойбанди урфу одатҳои бобоӣ нашуд, дар интихоби ҳамсару маҳбуб ва ишқи хеш озод гардид. Озодии инқилобӣ тадриҷан як шахсро дӯст доштан, ба як ҳамсар ва як ошиқу маъшуқ қаноат карданро афзуд. Лекин бо вуҷуди ин шоирон бештар аз хиёнату бевафоии ёр (маъшуқу ошиқ) меноланду шикоят менамоянд. Шояд ин тартиби навиштаҳо асосе дорад. Дар ашъори шоирони солҳои шасту ҳафтод шикоят аз хиёнату бевафоии ёр (маъшуқа) мавқеъ пайдо кард, ахлоқу одоб, шарму ҳаё ва иффати зан тадриҷан коҳиш ёфт. Агар пеш аз инқилоб чанд зан доштан маъмул буд, баъд дар замони имрӯза талоқ равнақ гирифт, ишқи поку самимӣ рӯ ба завол овард. Ишқи маҳрамона торафт афзуд, он ба ҳар хонавода, ба ҳар фард роҳ ёфт, ки дили сангро ҳам об мекард. Ин мавзӯъ хусусан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар адабиёти мо равнақ пайдо намуд [61, 230].

пешина
аз 114
навбатӣ