Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки чизе муқобил ба «дилсӯхтагӣ» – ст, вале шоир ғайри чашмдошт аз «хандаи талх» ёдовар мешавад, ки он ҳам ҳосили сӯхтагист. Дилсӯхтагие, ки бо хандаи талх рӯпӯш мешавад, он ҳосили эҷодгари «дилсӯхтагӣ» аз маҳбубаст, ки бо «хандаи талх» сарбаландиро низ ба ошиқ омӯзондааст. «Дилсӯхта» «хандаи талх» дорад, сӯзу сози ишқ дар барору нобарорӣ бо хандаи талх сарбаланд нигоҳ доштанро низ мерос гузоштааст. Яъне бо як такон, бо як қудрат инсони ошиқ ин ҳама дилсӯхтагиро ба гули ханда табдил кардан метавонад. Маъшуқ шояд дарк накунад, ки пушти гули ханда, хандаи зебо, табассуми ишқ дилсӯхтагиҳое мавҷ мезанад:

Бисёр ба мою ҳоли мо механдӣ,
Дар рӯзи шикасти боли мо механдӣ.
Бо ишқи ҳалол доманат доштаам,
Бар ошиқии ҳалоли мо механдӣ [10, 156 ].

Ба қавли шоир: «Ай маҳбуб, ту танҳо маро дилсӯхта мапиндор. Мо фақат дил насӯхтаем, ҳар ошиқ агар сидқан ошиқ аст, ба ночор дилсӯхта хоҳад буд». Фоҷиа ин ҷост, ки хандаи талх ҳам яке аз сабақҳои сахту сангини ишқ мебошад. Ошиқ ба хотири маҳбуб ба ҷойи лаҳзаҳои шодию фараҳ ночор хандаи талх машқ мекунад. Машқи хандаи талх дар ишқ барои ба рӯзи хушбахтӣ расидан машқи сахт ва азиятоварест.

Дар ғазал замзамаи зебоию муҳаббат дурахшонтарин ҷилваҳост ва хонанда ба ин замзамаи корҳои шоир ошност.

Рӯ ба даргоҳи бузургон сар фурӯ овардаам,
Тӯша аз ихлосу меҳру орзу овардаам.
Гавҳари мақсуди ман шуд аз дили дарёдилон,
Хоб дидам гар, ба оби ҷӯй рӯ овардаам [10, 34 ].

Ин ғазал аз матлаъ, изҳори адаб ва эътимод ба даргоҳи бузургон оғоз мешавад ва адаб рукни муҳим ва яке аз аркони муҳаббат мебошад. Дар ин ғазал калимаҳои тӯша, меҳр, ихлос, халқ, орзу бар маънии иродат ва таслим ба муҳаббат ва бузургон «сар фурӯ овардан» аст.Ҳатто Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар панду андарзҳояш аз сиришти поки инсон, аз зебоии ботинии вай сухан рондааст [49, 72]. Бинобар ин ҳам ҳар шахс барои ба мартабаи баланди инсонӣ ноил гаштан бояд ба воситаи ҳусни сират, яъне илм,ҳикмат, саховату покдоманӣ ба зебоии олами ботинӣ ва маънавии худ кӯшиш намояд.

пешина
аз 114
навбатӣ