Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Зи лона мешавам белона бе ту,
Ба ғамҳо мешавам ҳамхона бе ту.
Қасам бо чашми бо ман ошноят,
Ба дунё мешавам бегона бе ту [14, 76].

Ҳолату эҳсосот, моҳияти рафторро дуруст фаҳмидани қаҳрамони лирикӣ барои таъсири тарбиявии адабиёт аҳамият дорад. Лирикаи ишқии маҳрамона барои фарох ва амиқ фаро гирифтани зиндагонӣ, барои ба ниҳонхонаҳои дили ҳамзамонон чашм дӯхтан, он ҷо сифатҳои наве дидан имконоти адабиётро меафзояд.

Шоир солҳои донишҷӯӣ, давраи илмомӯзӣ ва минбаъд дар ташаккули характери инсон аз маҷмӯаҳои «Тӯшаи роҳ», «Зинароҳ» ва «Барги сабзи ишқ» воситаҳои гуногуни ифода, ҷилоҳои тоза, маъниҳои зебою расо кор мефармояд.

Ишқияҳо дар эҷодиёти шоир тадриҷан мураккаб мешаванд. Шоирон бо калимаҳои дарё, соҳил, дашт, саҳро намоди шахсонеро ба вуҷуд меоварданд, киталоши ба мақсад расидан, сар ба савдо задан, сина ба саҳроҳо молидан, яъне аз мавҷи пуртуғёни зиндагӣ наҳаросидан ва ба мақсад, васл расидан мехостанд. Шоир чунин бебокии ошиқро ба дарёе монанд кардааст, ки аз маҷро берун шуда, натарсида боз ба мақсад расидан мехоҳад:

Дар орзуи рӯйи ту аз пештар шайдо манам,
Шӯрида аз маҷрои хеш беруншуда дарё манам.
Дигар нахоҳад ҷамъ шуд обам, ки ёбам соҳилам,
Паҳну парешон гаштае дар дашту саҳроҳо манам [10, 154].

Суханварони муҳити адабии Кӯлоб Ашӯр Сафар, Муҳаммад Ғоиб, С.Аюбӣ, С.Ҳакимзода ва дигарон дар сароидани ғазал ва мавзӯи ишқ қалам санҷида ва комёб шудаанд.

Ишқ сарманшаи кулли дастмояи ҳар суханвар мебошад. Ишқ неруйест, ки ба шахси ошиқ барои ба даст овардани гавҳари мақсуд кумак мерасонад. Сухансанҷ дар яке аз ғазалҳояш ишқро оғозгоҳи ҳамаи сифатҳои олии инсонҳо дониста гуфтааст:

Дар замини ишқ бошад кӯҳи ман, саҳрои ман,
Дар фазои ишқ бошад рӯҳи ман, дунёи ман.
Як нафас бо ишқ бошад ҳастии зебои ман,
Моҳи ман, хуршеди ман, рӯзи ману шабҳои ман.
Ишқ агар роҳ ёфт дар дил, мерасад рӯзи фараҳ,
Шодиҳое баъди ғам дорад дили шайдои ман.
Ҳақгузору ҳақшиносу Ҳақназар гаштам зи ишқ,
Субҳи козиб нест андар субҳи рӯҳафзои ман [10, 89].

Аз мутолиаи ғазалҳои ошиқонаи Ҳақназар маълум мегардад, ки шоир мавриди изҳори ишқ гоҳ аз тасвири ҳусну ҷамоли маъшуқа ба маҷмӯи хислату ақидаҳои маҳбуба ба илҳом менигарад. Қаҳрамони лирикӣ дар ғазалҳои «Ошиқам», «Бе ҳусни сабзат нест сарсабзӣ маро», «Ту ки умеди ман астӣ, маро умед бидеҳ», «Эй бахти хандонам, чаро ин сон ту созиям ғамгин?», «Зарра-зарра умри ширин меравад, ёдат мекунам» ва ғайра, ки теъдодашон хеле зиёд мебошанд, ҳангоми баёни ҳиссиёти ошиқона аз сидқу вафо сухан ронда, дар ин роҳи пуршараф сахтиҳои зиндагиро сарбаландона пушти сар ниҳода, садоқат, бурдборӣ, таҳаммулро шиори асосии худ гардондааст:

пешина
аз 114
навбатӣ