Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Нависанда Абдулҳамид Самад дар бораи достони «Эҳёнома» ва умуман ҳунари эҷодии Ҳақназар Ғоиб чунин андеша баён кардааст: «Шеъру достонҳои Ҳақназар Ғоиб ҳадафноку серпаҳлуянд, ки бесабаб нест. Пеш аз ҳама, вай шахси соҳибистеъдод, қаламкаши тавоно ва парвардаи мактаби адабии қаламрави Кӯлоб асту байни мардуми ҳунарманд бо шираи рубоиву дубайтиҳои нотакрор ва суруду таронаҳои шаҳдбор ба воя расидааст. Аз ин ҷиҳат, дар навиштаҳои ӯ таъбиру ибораҳои хушобу рангини халқӣ фаровон корбаст шуда, ҳусни ашъорашон меафзояд» [120, 221].
Хулоса, имрӯз нуқтаи назар ақида ва муносибати эҷодиёти ин шоири тавоно ва андешапарвар гуногунрангу серпаҳлу буда, бо сабку услуби хоси эҷодии худ дар рушду камоли шеъри нави тоҷик, хусусан дар давраи Истиқлолияти Тоҷикистон мақому манзалати баланд ва пурифтихор дорад. Ва шоир тамоми истеъдодашро барои беҳбудии инсон, барои фардои дурахшони ӯ сарф кардан мехоҳад. Андешаҳои ҳакимонаи шоир асоси рушду камол ёфтани халқу миллат хоҳад шуд. Барҳақ, шоир тавассути каломи бадеъ дастгирии сулҳу салоҳ ва маҳкум намудани ҳама гуна ҷудоиандозиҳост.
БОБИ II. МАВЗӮЪ ВА МУНДАРИҶАИ ҒОЯВИЮ БАДЕИИ АШЪОРИ ҲАҚНАЗАР ҒОИБ
Мунаққид ва адабиётшинос Аламхон Кӯчарзода навиштааст, ки, «Агар мо ба таърихи адабиёти тоҷик, аз ҷумла ба шеъри давраи нав назар андозем, мебинем, ки аксари суханварон дар ҷинсҳо ва жанрҳои алоҳида бештар муваффақ гаштаанд. Вале устод Ҳақназар ҳам дар ҷинси ҳамоса ва ҳам дар ҷинси лирика, ҳам дар шеъри суннатӣ ва ҳам навъҳои гуногуни шеъри нав, ҳам дар мавзӯи ишқӣ ва ҳам дар мавзӯъҳои иҷтимоию панду ахлоқӣ дасти расо ва шеваи гуфтори ба худ хос дорад» [67,с.2]. Чунин мавзӯъҳои ашъор солҳои тӯлонӣ мавриди таваҷҷуҳи бузургтарин шоирони ҳар давру замон буда, Ҳақназар низ ба ишқ, ба қадру қимат ва манзалати ишқи инсон, муҳаббати волидон, шукӯҳу шаҳомати модари тоҷик, Ватану миллат, адлу дод ва умуман масъалаҳои асосии иҷтимоӣ, панду андарз зиёд эътибор додааст. Шоир онҳоро бо диди хеш ба риштаи тасвир кашида, ба фоҷиаҳои бузурги таърихи миллат, ифтихору ғурур, ишқу муҳаббат, шодию нишот фаро гирифтааст. Аз ин ҷиҳат сухани шоир, тарзи ифода ва натиҷагириҳояш хусусияти хос дошта, ба каломи шоире монанд нест, адиб суханро ҳақбинона гуфта ва хулоса мебарорад. Баррасии мавзӯю мундариҷаи ашъораш аз ин ҷиҳат аҳамияти илмию адабӣ ва маърифатӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор