Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо касофати ҳуҷуми ваҳшатовари Чингиз ба сари халқи тоҷик борони даҳшат рехт, ки доғи гузоштааш ҳеҷ аз сафҳаи таърих зудуда нахоҳад гашт... Чи қадаре ки асрҳо моро аз сӯхторҳои ваҳшиёнаи чингизиён дур мебаранд, ҳамон қадар нафратамон ба ин сӯзандагони тамаддун ва қотилони ҷони инсонӣ зиёд мегардад. Ва шояд хурӯҷу нафрати ҳамешагии халқ сабаб гардида, ки шоир дар сурудани достони «Эҳёнома» қудрату тавоноии суханвариро ба харҷ додааст. Изҳори пурэҳсоси хурӯҷи қалбӣ, интихоби лафзу маънӣ бар мазмуни достон пурра мувофиқат мекунад. Чунонки мегӯянд, либос дархӯри бадан интихоб шудааст. Таҳқиқи бадеии мавзӯъ низ ҷолиб мебошад. Муҳокимаҳои мантиқии шоир, бамавқеъ иброз доштани андешаҳои файласуфона оид ба вақту фазо ва тазодҳои зиндагӣ дар дохили он мазмуни асарро боз ҳам ҷолиб менамоёнад. Ин маънӣ чи дар дохили достон ва чи дар бобҳои навбатӣ, ки ба истилоҳи даҳшатангези Чингиз ишорат менамоянд, нишонрас мебошанд. Барои тақвияти фикр ба ин пораи фалсафӣ диққат диҳем, ки ботини инсонро ба вақту фазо кушода, афкори ӯро дар фазои беканор парвоз медиҳад:

Дар ин куҳначархи ҳама рози Вақт,
Надонад касе рӯзи оғози Вақт.
Надонад, ки то бар куҷо мерасад
Дар ин бекарон боли парвози Вақт.
Вале он чӣ дар Вақт дорад макон,
Бигӯӣ ба Вақт он бувад меҳмон...
Чу он сабзбарге ба шохи дарахт,
Ки бандад зи аслаш яке рӯз рахт [19, 219].

Даҳшатҳо низ дар Вақти бекарон муваққатӣ мебошанд ва инсони хирадманд бо қудрати фаҳму идрок бояд дар доираи Вақт мавқеи худро муайян кунад ва аз ин назаргоҳ кору амал намояд. Ин ҷиҳати аввали масъала аст. Ҷиҳати дигар он аст, ки дар вақти гузарон вобаста ба вазъияти ба амал омада, аз як тараф, сабур, аз тарафи дигар, оқилона роҳҳои муборизаро низ роҳандозӣ кунад ва дар ин мавзӯъ боз метавон домананок шарҳу баён навишт, ки аз серпаҳлӯии калима ва тасвирҳои шоир бозгӯ шудааст. Ин серпаҳлуӣ аз оғози достон таваҷҷӯҳи моро ба худ ҷалб менамояд:

«Оҳ! Авроқи хунолудаи таърих ва акси хабарбозори куҳандизи Хуҷанд!. Панҷаи сиёҳи сарнавишт, нафаси хуношоми Чингиз! Нишони барбарияти одам!» Аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи чингизиёни асри XX низ ба нафрат ёд мекунад: «Аз ёдномаи хаёл: Чингизиёни садаи бист қалъаи амнияти одамсириштаи меҳру муҳаббати одамро бо бераҳмӣ хароб карданд. Чи иштибоҳи бузурге! Хатин ҳанӯз ҳам месӯзад! Инсон дар он ба сарнавишти хеш мегиряд! Замин навҳа мекашад, замон афсӯс мехӯрад!»

пешина
аз 114
навбатӣ