Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Аз ҷумла, бигирем шеъри «Тоҷи офтоб»-ро, ки бо услуби эҷодии худ аз дигар асарҳои шоир фарқ мекунад. Дар маркази тасвироти ин шеър ҳаёти гузаштаю ҳозираи миллати тоҷик истодааст. Шоир гузаштаи пурфоҷеаи халқашро хуб идрок карда, сабабҳои ба ин аҳвол дучор гардидани халқро ҷӯё мешавад. Номи маҷмӯа–«Тоҷи офтоб» рамзи бақои миллатест, ки бамаъние шарораҳояш аз нав аз зери хокистар аланга пайдо карда, ба гулхани бузурге мисли Офтоб табдил меёбад.
Аз мазмуни шеъри «Тоҷи Офтоб» ва ба ин мазмун вобаста асарҳои дигари Ҳақназар Ғойиб, ки ба таърихи гузаштаи халқамон бахшида шудаанд, ҳамин фикр мусаллам мегардад: бо вуҷуди ҳама гуна таҳқирҳо, ки аҷнабиён ба сари халқу ватан боридаву ин мамлакатро ба зулматобод табдил додаанд, рӯҳи баланди он дар тӯли асрҳо бовиқор арзи ҳастӣ мекард. Ва ҳама неруву тавоноияш аз ин лиҳоз буд, ки хирад ва маърифати вофирро дар худ маҳфуз медошт. Аз ҳамин дидгоҳ ҳеҷ мумкин набудааст, сояеро, абреро ҳам, ки аз болои партави ӯ ҳокимият дошт, нодида бигирад:
Ман, ки дар хеш бузургии ҳама асру замон дида будам,
Хокро то ҳама чарх ба худ тахти равон дида будам.
Бекарон қудрати худро ба ҳама кавну макон дида будам-
Пай набурдам, ки чӣ ояд ба сарам?
Партави дидаи дунё нигарам [10,19].
Ҳамчунин:
Ин чӣ ҳолест, ки дархӯрди бузургиям нест?
Лоиқи шаъну сутургиям нест?! [10, 21].
Ҳақназар Ғоиб ҳам бешубҳа, ба ояндаи дурахшони халқу ватани худ бовари куллӣ дорад, истилогароне, ки дар тайи асрҳо бо мақсади сарнагун намудани тоҷикон кӯшиш менамуданд, ба мақсад нарасиданд. Бо вуҷуди он ки аҷнабиён тавассути лашкари гарону шамшери обдор халқи моро мағлуб карданд, нури хирад ва заковати ӯро хомӯш карда натавонистанд. Пай бурданд, ки бе ин нур ва бе ин рушноӣ дунё саросар торикистон хоҳад буд. Ғосибони аз илму ҳунар барӣ ва фурӯмоя маҷбур шуданд, ки назди ин мардуми дорои таъриху тамаддуни куҳан ва соҳибтоҷ сари таъзим фуруд оранд:
Тоҷи ман монд фақат аз ҳама бунёд маро,
Тоҷи ман парчами ҳастии шарарзод маро,
Чу ба худ омадаам,
Шуълаи Тоҷ бидидам, ки фурӯзанда бувад,
Қувват омад ба дилам...
Эй саропардаи вазнину сиёҳ!
Эй фароомадаи хоби гарон!
То маро Тоҷ бувад,
Сари ман ҳаст амон [10, 18].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор