Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Базму тарабистон аст, эй ҳамватанон табрик!
Лабҳо шакарафшон аст, эй ҳамватанон табрик!
Исмоили моро бин дар тахти ба тоҷи мо,
Тоҷаш гуҳарафшон аст, эй ҳамватанон табрик!
Зи рухат ситорачинам, чи тариқаат бубинам?
Ҳама оҳи оташинам, чи тариқаат бубинам?
Рухи сабзи гандумият сари сабз додам охир,
Ту макун хазон баринам, чи тариқаат бубинам [18, 8].
Дар маҷмӯаи «Хаймаи Нур» (2004) ба ҷуз шеърҳои «Мероси аспи хатлӣ», «Ватан, эй модари модар» як қисм шеърҳо аз дигар маҷмӯаҳо ҷой гирифтаанд. Аз сарсухани маҷмӯа (бо қалами адиб Шоҳинбод) маълум мегардад, ки онҳоро профессор Карим Абдуллов ба чоп расондааст. Шоир ин далелро тасдиқ мекунад. Дар манзума тасвирҳои хотирмоне ба чашм мерасанд, ки ба манзараҳои шигифтангези кӯҳҳои Масҷоҳи куҳна тааллуқ доранд. Масалан:
Қуллаҳои сахтсар, шахшӯлу зишт
Домане доранд монанди биҳишт.
Домане аз сабзаю боғоти сабз,
Домане аз покии оёти сабз… [20, 6]
Маҷмӯаи «Ашки офтоб» (2005) аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа пурмуҳтаво буда, яке аз калонтарин маҷмӯаҳои шоир ба шумор меравад. Нашри нахустини асар ба соли 1999 рост меояд, ки онро нашриёти «Адиб» дар 500 нусха ба чоп расонидааст. Соли 2005 достонро дар алоҳидагӣ бо иловаи манзумаи «Дардномае ба миллат», шеърҳои «Мероси аспи хатлӣ» ва «Ватан, эй модари модар» нашриёти «Нур» дар ҳаҷми 300 нусха ба чоп мерасонад. Дар ҳамин сол (2005) достонро дар китоби дигари калонҳаҷми шоир «Нафас то бар нафас овози вақт аст» (418 саҳифа) ҷо додаанд.
Ин китоб аз чор қисм иборат мебошад. 1) «Сухан аз устодон, дӯстон ва ҳамқаламон»; 2) «Таронаҳои истиқлол»; 3) достони «Ашки офтоб»; 4) Манзумаи «Дардномае ба миллат», шеърҳои «Мероси аспи хатлӣ» ва «Ватан, эй модари модар». Дар зер аз ин маҷмӯа порчаи шеъриеро ба сифати намуна мисол меорем:
Дар Ватани хеш насли навинем,
Тахти Ватанро тоҷу нигинем.
Тоҷики хушдил тозаҷанинем,
Насли ҷавонем, насли ҷавонем.
Субҳи заминем, шамси ҷаҳонем [24, 19 ].
Қисми сеюми маҷмӯа достони «Ашки офтоб» аст, ки он ба 1100-солагии Давлати Сомониён бахшида шудааст. Ғояи асарро талқини ватанхоҳӣ, худшиносии миллӣ, сулҳу ваҳдат ва зарурати ҳифзи Ватан ташкил медиҳад. Достони «Ашки офтоб» такмили достони «Ашки нур» (1993) аст, ки порчаҳои ибратомези он ҳодисаҳои охири асри X ва аввали асри XI (муборизаҳои Абӯиброҳими Мунтасир барои барқарор кардани Давлати бузурги Сомониён) ва воқеаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми асри XX дар бар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор