Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Абри сияҳ бо кӯрдуд
Аз қибла лашкар мекашид.
Барқ аз наёми зарҳалин
Бо хашм ханҷар мекашид.
Чарху замин дар ларза шуд,
Пур гашта аз бонгу ғирев…
Афсона меомад ба ёд,
Афсонае аз ҷину дев [13, 69].
Маҷмӯаи «Эҳёнома» ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст. Дар китоб 37 шеър ҷо дода шудааст, ки ҳар яки он барои бедор кардани ҳисси худшиносӣ ва худогаҳӣ ба хонандагон мадад мерасонад. Ба андешаи Абдурраҳмон Абдуманнонов, «Достони «Эҳёнома» ҳарчанд ба навҳаю нола асос ёфтааст, шевою хоно мебошад. Зарбу оҳанги баъзе пораҳо дар пайравии ҷангномаҳо иншо шуда, бархе гӯрғулихононро ба ёд меорад ва омезиши сабкҳои китобию халқӣ ҷазбмандии асарро меафзояд» [53, 4] .
Маҷмӯаи «Ашки нур» (1993) аз ҷиҳати ҳаҷм хурд буда, бо таъсири дарду ғам, сӯзу гудоз аз нобасомониҳои охири асри бист навишта шудааст. Дар маҷмӯа 62 марсия, навҳаҳои модарон, гиряҳои дарунии (калимаю таркибҳо) родмардони замони ноҷӯрии Ватан ҷо дода шудаанд. Аз ҷумла: «Шаддаҳои андуҳ», «Навҳаи модари Субҳон», «Ёдам кунед», «Меҳр ва хашм», «Ашки шаб», «Охирин сухани Файзалӣ», «Дар мотами Сангак Сафаров ва Давлаталӣ», «Навҳаи Сония Акалаева» ва ғайра. Чунончи, дар рубоии зер дарду алами мардуми он даврони пурошӯб хеле муассиру ҷонгудоз инъикос гардидааст:
Дар пуштаки кӯҳ абраки даргузар аст,
Аз қисмати бад насибаам чашми тар аст.
Не, халқи азиз, аз ғами фарзанди падар
Сар то қадамам ғарқаи хуни ҷигар аст [15, 79].
Мақсади шоир аз навиштани ин шеърҳои ғамангез дар он аст, ки ин дарду алами мо, ин доғҳои рӯзгори пур аз мотами мо дар диламон меҳру шафқатро ба якдигар зиёдтар кунад ва қудрати ҳамаи моро барои ягонагии Тоҷикистон ва ваҳдати миллати ситамдидаи тоҷик равона созад. Шоир дар асоси «Ашки нур» достони «Ашки офтоб»-ро офаридааст.
Маҷмӯаи «Барги сабзи ишқ» соли 1991 ба табъ расида, дар қисми якум 4 шеъру 46 рубоӣ бахшида ба 680–солагии орифи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гирд оварда шудааст. Ин маҷмӯа бо шеъри «Илтиҷое дар боргоҳи Мири Кабир» оғоз мешавад:
Эй покназар, файзи дуои саҳарам деҳ,
Аз шохаи волоии рӯҳат самарам деҳ.
Файзи нафаси нимашабонро ба сарам рез,
Бар зулмати шабҳои қамаркуш зафарам деҳ [14, 5 ].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор