Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Зотан, ҳар суханвар ё аҳли ҳунар дар маҷмӯъ, эҷодкор зодаи вақт ва макони мушаххас мебошад. Шоир Ҳақназар Ғоиб низ бо муҳит, бо фалсафа, бо маънии воқеии худ мабдаъ ва маншаи алоҳидаи эҷодӣ дорад. Маҳз муҳит, ки мафҳуми васеъ мебошад, ба Ҳақназар Ғоиб нерую қудрат, илҳом ва тавоноӣ бахшида, истеъдоди дар вуҷуд доштаашро рӯ баровард ва такмил дод. Омилҳои барангезандаи эҳсосоти шоирона, манбаъҳои тавлид ёфтани онҳо дар фикру андешаҳои амиқи нисбат ба воқеият доштаи шоир баён гардидаанд. Суханвар аз нахустин маҷмӯаи ашъор «Тӯшаи роҳ» (1972) то маҷмӯаи шеърҳои «Эҳёнома» (1989) доир ба ин мабдаи пайдоиши маъниву образ басо ҷолиб андеша кардааст. Ҷиҳати муҳимми ангезандаи илҳоми ӯ зодгоҳ, деҳаи Офтоблиқо, аллаи модар, садои дилкашу форами оҳангҳои наю тула ва дутори падар, ҳунармандии мардони бозавқу хушсалиқа дар эҷодиёташ якҷоя бо зебоию рангорангии табиат омехта, як ҷо ба қалбу эҳсосоташ таъсири дилхоҳ расонидаанд. Дар дили ҷавонаш меҳри одамони деҳа, хешу табор, ҳунар, илму маърифат ҷой гирифта, шоирро ба шоҳроҳи васеи зиндагӣ раҳнамун сохтаанд.
Сарчашмаи дигари ба ҷодаи шеъру шоирӣ ва мактабу маориф ворид шудани Ҳақназар таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, сарчашмаи асосӣ ва аслии эҷодкор шудани Ҳ.Ғоиб маҳфилҳои адабии донишгоҳ маҳсуб меёфт. Ҳ. Ғоиб ҳафтае ду маротиба бо аҳли илм ва адаб ҳамсуҳбат мешуд. То ҳол ҳар як чорабиние, ки дар донишгоҳ гузаронида мешавад, Ҳақназар Ғойиб иштирок, ҳазлгӯи ва суханронӣ мекунад. Ва ӯ ҳамеша дар байни устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.
Нуктаи дигар мутааллиқ ба мабдаъ ва маншаи рушду камоли шоир муҳити адабии шаҳри Кӯлоб аст, ки таҳти сарпарастии пири хирад, шоир ва ҳофизи халқии ҷумҳурӣ шодравон Сайдалӣ Вализода амал менамуд. Ин марди закӣ борҳо ба донишкада ташриф оварда, бо зарофатгӯиву насиҳатҳои ҳакимона ба донишҷӯён дарси зиндагӣ медод. Воқеан, ҳаёти минбаъдаи шоир Ҳақназар комилан ба ҳамин муҳити адабӣ пайваста, рушд меёфт. Ин ҷо аз суханварон шодравон Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода ва Сомеъ Одиназода ном мебарем, ки ҳар кадом яке пайи дигар дар як муҳит кӯлвори эҷодиёти ҳам дигарро пурбор гардонида, муҳити адабии Хатлонзаминро шукӯҳу шаҳомат мебахшиданд. Дар ин бора гуфтаҳои Ҳақназар Ғоиб ҷолиби диққат аст: «Дар ташаккули шеъру шоирии ман устодон Сайдалӣ Вализода, Ашӯр Сафар ҳиссаи калон доранд. Ба андешаи ман, ҳар кас, ки худро шоири беустод мешуморад, носипос аст, зеро дар адабиёт ҳеҷ гоҳ ин тавр нашудааст. Ҳатто ду байти устодона гуфта низ метавонад ба шоири пасоянд сабақдеҳ бошад. Зеро он намунаест, ки дар кӯшиши баробар ба он байте гуфтан пайдо мешавад. Пас муаллифи он шоҳбайт ба шоири пасоянд ҳукми устодӣ дорад. Чунонки Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Румию Ҷомӣ ба ҳама шоирон ҳукми устодӣ доранд [17, 4].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор