Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Хусусияти фарқкунандаи қаҳрамони лирикии ашъори шоир дар он аст, ки вай ба ояндаи инсон, ба дӯстӣ, меҳру вафо, бузургдошти ишқ боварии зиёд дорад. Ин хусусият махсусан дар қисми шеърҳои ба васфи падару модар бахшидааш, ки «Асочӯби падар шуд хомаи ман» ном дорад, дида мешавад. Дар маркази тасвири назми Ҳақназар Ғоиб инсони мубориз, эҷодкор, инсоне меистад, ки ӯ дар баҳо додан ба зиндагӣ меъёрҳои худро дорад.
Ҳақназар Ғоиб шоири ҳақгӯй ва худшиноси миллат аст. Вай дар пайванди дирӯзу имрӯз устураву таърихро ба кор гирифта, сайъ мекунад, ки бо далелу мисол муҳтавои шеърро ғанӣ гардонад, кайфияту коркарди дарунии абёт ва ашъорашро боло бардорад. Ва ба ин роҳ хонандаро ба қуллаи бедорию ҳушёрӣ ва худшиносии миллӣ ва ватандорӣ расонидан мехоҳад. Хосиятҳои фарқкунандаи эҷодиёти шоир инҳо мебошанд:
Якум, мундариҷаи шеърҳо якранг нестанд, дар онҳо муносибатҳои ҳасана, ахлоқ ва ҷиҳатҳои матлуби инсонӣ васф гардида, хислатҳои номатлубу одамон маҳкум мешаванд;
Дуюм, эҷодиёти шоир бисёр сода, равон, оммафаҳм буда, аксар вақт аз эҷодиёти даҳонии халқ ғизо мегирад ва ин фикрро талқин мекунад, ки «дасти калонсолон гир, то ба ҳангоми пирӣ дасти ту гиранд»;
Сеюм, Ҳақназар Ғоиб дили ниҳоят нозук ва ҳассосе дорад, ки ба рафтору кирдори инсонҳо, ба ҷаҳони ботинии онҳо дақиқназарона менигарад, баду некро ба ҳам бармекашад, одамгарӣ ва ҳақгӯиро мепарастад;
Чаҳорум, шоир кашшофи рӯҳи инсон буда, бадиву некӣ, дӯстиву душмании одамонро дуруст идрок мекунад. Шоир носеҳи беғарази аҳли башар, пайвандкунандаи дилҳо мебошад. Аз ин ҷост, ки насиҳати шоир ба одамон яке аз андешаҳои накухоҳии ӯст. Ҳақназар Ғоиб дар симои қаҳрамони лирикӣ ба мардумони замона аҳду вафо ва хоксорию фурӯтаниро талқин менамояд. Доимо одамонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Панҷум, дар шеъри давраи нав модарномаҳои Эраҷ Мирзо, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон маълуму машҳур ҳастанд. Ҳақназар Ғоиб дар баробари Модарнома Падарнома низ эҷод намудааст.
Шашум, асарҳои эҷоднамудаи адиб аз таърихи гузаштаю имрӯзаи мо хонандаро огоҳ месозад ва дастоварди бузургест барои ояндагон;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор