Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман мақолаву очерк ва публисистикаи худро дер боз ба нашр ҳозир мекардам, зеро дар он мақолаҳо ҳис мекардам, ки ба хонандагон як ғизои маънавии зарурие ҳаст. Масалан, ҳикоя чист ва чӣ тавр онро менависанд. Ин матни фишурдаи сӯҳбате буд дар курс-конференсияҳо бо адибони ҷавон. Масалан, ҳикоя меоранд ба назди ман, воқеаро аз ҳикоя фарқ намекунанд. Ягон воқеаро шуниданду менависанд ва мегӯянд, ки ҳикоя аст. Дар бораи ручка ман ба Шумо воқеаро гуфта медиҳам, ё дар бораи айнак ё ва ё кулоҳ. Лекин ин чиз ҳикоя нест, воқеа аст. Ин чизро ҳар як адиб бадоҳатан гуфта метавонад. ҳикоя чизи дигар аст. Характер дошта бошад. ҳикоя бояд ки ду дастаке бошад, ё нафрат пайдо кунед бо ҳамон чиз ё муҳаббат. Бисёр адибони ҷавон ҳамин чизро намедонанд. Ман дар ҳамин мақолаи «Ҳикоя чист ва чӣ тавр онро менависанд?» ана ҳамон алифбои ҳикоянависиро ба онҳо баён кардаам. Ё худ тақризи ман ба луғати русӣ-тоҷикӣ, ки дар он камбудиҳои хеле зиёд роҳ ёфтаанд. Барои он ки ҳар як хонандаро огоҳ кунем, ки танҳо ба ин луғат такя кардан лозим нест, ба луғатҳои дигар ҳам муроҷиат кунед.

Боз дар он ҷо бисёр мавзӯъҳое, ки аз доираи ҳикояву қисса берун аст, яъне ба коргоҳи адиб мебарад. Ба сирри нависандагӣ, ба сирри эҷодкорӣ ошно мекунад хонандаро. Дар ин китоб боз мақолаҳои публисистии ман доир ба сиёсат, иҷтимоиёти ҷумҳуриятамон ҷамъ оварда шудааст, ки хондани онҳо имрӯз ҳам аз фоида холӣ нест ва фардо ҳам барои мо даркорӣ барин менамояд.

— Як чизи дигарро мехостам пурсам. Тарзи эҷоди Шумо чӣ хел аст, пайваста кор мекунед ё соатҳои махсуси эҷодӣ доред?

— Агар адиб, нависанда пайваста кор накунад, мегӯянд, ки аз бод мебарояд. Агар ман як моҳ ба даст қалам нагираму нанависам, моҳи дигар дар рӯйи мизи нависандагӣ нишастани ман бисёр душвор мешавад. Соатҳо менишинам, менависам, даронда мепартоям, яъне ҳис мекунам, ки ман аз бод баромадаам. Бинобар ин нависанда ҳаддалимкон кӯшиш кунад, ки пайваста ҳар рӯз як-ду саҳифа нависад. Ман ҳам ҳаракат мекунам, ҳар шабонарӯз, ҳеҷ набошад, ягон соат бо кори нависонавис машғул бошам. ҳеҷ набошад, рӯзномаи мунтазам дорам, ман рӯзномаи худро менависам ва ҳамаи он воқеоте, ки дар тӯли як шабонарӯз шоҳид будам, онро баён мекунам. Ё бо кӣ вохӯрдам, бо кӣ гуфтугузор доштам. Ин чизҳоро ҳатто сабт мекунам, агар чизе навиштанӣ набошам ва асосан рӯзҳои истироҳатиамро барои навиштан харҷ мекунам. Дар тӯли як сол ман асосан ба нашри маҷаллаи «Сайҳун» машғул будам. Қиссаву ҳикоёти адибонро бештар ба хона оварда мехондам, ки барои интихоби як ҳикоя ба «Сайҳун» даҳҳо ҳикояро варақгардон мекардам, то маҷалла барои хонандагон муфид бошад ва завқу салиқаи онҳоро баланд бардорад.

— Ҳоло дар сари мизи кориатон қисса, роман ва ё ҳикояе доред, ки онро навакак ба анҷом расонида бошед?

— Бале. Ман чандин сол боз як романи калонҳаҷмеро менависам ва китоби аввалини онро ба анҷом расонидаам. Ин роман «Ғафлатзадагон» ном дорад. Воқеоти солҳои 30-юм то 60-умро дар бар мегирад. Дар маҷаллаи «Сайҳун» кайҳо ба чоп рафт ва дар соли нав давомаш чоп мешавад.

— Муаллими мӯҳтарам, хеле хушҳол шудам аз сӯҳбат бо Шумо, як ҷаҳон ташаккур.

— Муваффақ бошед.

Сӯҳбаторо Ҳокими Азиз

24 декабри с. 1993

пешина
аз 94