Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Иброҳимҷон аз хона берун рафту баъди лаҳзае ҳамроҳи як тан ҷавонмарди қавиҳайкал, ки сабад барин риши ғулӣ ва малламайгунаш сари синаашро пӯшида буд, ба хона ворид гашт ва моро ба якдигар маъруфӣ намуд.

Нигоҳи орому пуртамкин ва оқилонаи Паул дар дили кас нисбат ба ӯ эътимод пайдо мекард. Вай сухан мегуфт, ош мехӯрд, савол мекард, механдид, вале дар сари ман андешаҳое ҷавлон доштанд, ки аз ифшои он кас хиҷил мемонад. Чи илоҷ, дар он айём ман ҳам монанди дигарон гумон доштам, ки дар Олмони федерол аксаран фашистон ва ниқорталабон маскан гузидаанд ва аҷаб не, падари ҳамин Паул ҳам бегуноҳонро дар конслагерҳо истинтоқ карда бошад. Таассуб он қадар ақли моро тира карда буд, ки ҳеҷ нуқси худро намедидем.

Агарчи дар аввал бештар Паул сухан мегуфту савол мекард, батадриҷ гуфтугӯи мо даргир шуд. Баъд Паул ба табақи палави хушгуворе, ки нимагӣ ҳам хӯрдан натавонистем, нигариста гуфт:

— Ҳамдиёрон ҳастанд, гӯям!

— Бигӯ… Даъват кун! – гуфтем ману Иброҳимҷон баробар.

Баъди берун рафтани Паул ман ба Иброҳимҷон ҳазломез хандида, гуфтам:

— Мо аз немис тарс надорем. Дар водии Вахши мо немису тоҷик ба ҳам печида кор мекунанд, зиндагӣ доранд ва забони якдигарро чунон медонанд…

— Як ҷӯраи ман дар умраш немисӣ нахондааст, дар сафари хориҷа ба ҳайъати вакилони мо тарҷумонӣ карда буд, – гуфт Иброҳимҷон.

Паул ду нафар духтарро пеш андохта аз дар ворид гашт. ҳар ду духтар қадбаланду мавзун буданд. Яке, ки номи худро Анна гуфт, духтари кабудчашми мӯйи зарринаш ба китф афтода, олмонинаҷоди маҳз буд, аммо дигаре – Саломея духтари мешчашми гесувонаш дорчинранг, аз назари аввал маро дар шубҳа афканд. Ман аввалбор ба чашми ӯ нигариста, дар мардумаки чашмони вай тобиши ошноеро пай бурдам ва ба худ тахмин гирифтам, ки дар рагҳои ин духтар хуни шарқиён ҷорист. Чун ӯ худро аз Австрия гуфт, ба гумони худ далел гирифтам, ки дар он кишвар аз мардуми Шарқи ҳамсоя кам нестанд. Ақли ман чунин хулоса мегирифт, аммо дилам гувоҳӣ медод, ки ӯ ба ман наздик аст, қаробате дорад.

Духтарон ба хӯрдани палави тоҷикӣ ва ошомидани шарбатҳои Тоҷикистон саросемагӣ зоҳир накарданд; сараввал ба таҳқиқ пурсиданд, ки номи таом чист, чи гуна ва аз чи хел маҳсулот онро мепазанд ва ғайра ваҳоказо. Дар ҷавоби ин гуна кунҷковии онон мо бо навбат аз аҷоиботи диёри азизи худ ҳикоят мекардем. Саломея хомӯш буд. Фақат як бор аз хусуси хонадомодӣ ҳикояти Иброҳимҷонро ба шеваи худ ба ҳамдиёронаш тавзеҳ кард.

пешина
аз 94
навбатӣ