Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дӯстон пешниҳоди худро бо чандин далел тақвият медоданд:

— Дуздон ва ҷинояткорон ҳоло дар урдуи душмани худ – ходимони адлия, ҳатто дар сояи амалдорон паноҳ гирифта, дар ҳимояти онон амал доранд…


Рӯзи охирин маҷлиси китобдӯстон суратгире вакилонро гурӯҳ-гурӯҳ сурат мегирифт. Чанд тан аз шиносам маро ҳам кашола карданду дар гирди мо гурӯҳи калоне ҳалқа заданд. ҳамон духтари мешчашм далер назди ман омаду бо нигоҳи нарму махмалинаш гӯё ба рӯям ҳавре зада хоҳиш намуд:

— Муаллим, ман дар баратон биистам?

— Кошкӣ… Марҳабо… – андаке пешу қафо ҷунбида, ба вай ҷой додам ва барои давом додани гуфтугӯ савол кардам:

— Чеҳраатон шинос метобад… Шумо аз куҷоед?

— Ман аз Қистакӯз…

— Аз Қистакӯз? – беихтиёр овоз баланд кардам. – Ҳа-а… Саломея!..

Духтари қистакӯзӣ аз вазъи ман ҳайрон буд. Охир, вай на Саломеяро медонисту на саргузашти маро. Ӯ чашмони шаҳлои Саломеяро дошт. Наход, ки хешу ақрабо бошанд? – мегуфтам ба дил…


Воқеа ба ин тарз рух зада буд:

Ман ҳамон сол ба курси такмили ихтисоси сармуҳаррирони телевизион ба Маскав рафта будам. Баъди ҳаёти ором ва як навъ фориғболонаи Душанбе рӯзҳои аввал Маскав маро андаке саргарангӣ оварда буд. Махсусан, бениҳоят шитобкории ходимони телевизиони марказӣ, ба якдигар беэътиноии атрофиён, маҳорат ва ҳунармандии баланди журналистон, режиссёрон, артистону операторон – ҳама ҳавасангез ва ибратомӯз буданд. Ман беором, аз фурсати танги таҷрибагирӣ ҳаддалимкон босамар истифода мекардам.

Аз пуркорӣ дӯстон ва шиносони москвагиро хабаргирӣ рафта наметавонистам. Бинобар он ҳам, вақте ки як рӯзи истироҳати якшанбе Иброҳимҷон* маро пурсида ба хобгоҳам омад, хеле хиҷил будам.

  • Доктори илмҳои таърих, Арбоби илму техникаи Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов он замон аспиранти факултаи журналистикаи ДДМ ба номи М. В. Ломоносов буд. – Шарҳи мураттиб.

Иброҳим ҳоло ба таҳқиқи илми рӯзноманигорӣ пардохта буд ва дар аспирантураи дорулфунуни Маскав дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ такопӯ дошт.

Вазъи хобгоҳи мо барои меҳмондорӣ чандон созгор набуд, ки ин ҳолро Иброҳим зуд пай бурду гуфт:

пешина
аз 94
навбатӣ