Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки эҷоди ҷавонони соҳибзавқу ҳунармандро мехонд, меболид, бе ҳеҷ дудилагӣ дастгириашон мекард, дигаронро даъват мекард, ки ибрат гиранд: «Ҳоло аз бепарвоӣ ё бевуқуфии баъзе роҳбарони матбуот тарғиби китоб хеле суст гаштааст. Агар ба китобе тақризе ба нашр расад ҳам, он холисона нест, ҷӯра ва ё аксар ҳамдиёрони адиб китоби ӯро зӯр мезананд то таъриф кунад. Баъд адиби камҳунар бо он ҳама чормағзи пуч доман пур мекунаду худро пайғамбар метарошад.

Борҳо хондаем, ки ҳамдиёрон аксаран халтураи ҳеҷу пучи якдигарро ситош мекунанду мардуми камхирад ва соддалавҳро бовар кунонданӣ мешаванд. Аммо ин навъ мунаққидон фақат адиби хушбоварро мефиребанду бас. Бо хеле адибони ҷавон ҳамин ҳолат рух дод. Фарзона аз ин миён истисност. Мусаввадаи китоби ашъори тозаи ӯро барои ба нақша гирифтан дар нашриёт ман хондам.

Шоире расидааст, ки бе муболиға бо Симину Фурӯғ паҳлӯ мезанад. Ба қавли шоира бовар накардан натвон:

Ватан, рӯзи фирӯзи ту мерасад,
Ватанхоҳи дилсӯзи ту мерасад,
Ватан, офтоби ту мебишукуфад,
Ватан, боз наврӯзи ту мерасад.

Ба гумонам, шеъри Фарзонаро аз ҳамдиёронаш касе ситоиш накардааст. Шеъри ӯ ҳамон мушкест, ки худ мебӯяду ба фарёди аттор эҳтиёҷ надорад.

Чаро дар ҳунар ва хоксорӣ аз ӯ ибрате намегиред, дӯстони ҷавон!»

Баҳром Фирӯз аз сӯйи дигар, устодони худро фаромӯш намекард ва ҳамеша дар бораи ҳар кадоме аз онҳо бо самимияту эҳтироми вижа сухан мегуфт, аз некиву сабақашон, ёриву дастгириашон ёдовар мешуд.

Устодони шодравонаш Мирзо Турсунзодаю Мирсаиди Миршакар, Боқӣ Раҳимзодаву Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзиву Фазлиддин Муҳаммадиев, дӯсти соҳибҳунараш Ҷумъа Одинаро дар ҳар давраю маҳфил ба хотир меовард. Дар хусуси адибони забардаст Сотим Улуғзода, Абдумалики Баҳорӣ, мунаққиди нуктасанҷ Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дӯстони ҳамқаламаш бо меҳри беандоза сухан мегуфт.

Ростӣ, ба қадри дигарон расидану некии дигаронро пос доштан ҳам ҳунар аст, ҳунари волову ҳавасангез.

Баҳром Фирӯз бо дили пур аз орзуву умед, бо мақсадҳои аҷибу наҷиб умр ба сар мебурд, вале марги нобаҳангом нагузошт, ки он орзую умед ва мақсадҳояшро амалӣ созад...

пешина
аз 94
навбатӣ