Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзҳои аввал бим аз он доштам, ки ӯ ҳам мисли аксар мудирони корфармо ба хислатҳои хурдагириву бюрократӣ ба асаби мо, ходимон бозӣ хоҳад кард. Хушбахтона, ин гумони ман комилан ботил баромад: Баҳром-ако дар кори эҷодӣ ва таҳрири китоб мо, ходимонашро комилан озод гузошт. Ба масоиле, чун кам омадан ба кор ё зуд рафтан ва дигар корҳои хурду реза аслан таваҷҷӯҳ надошт ва одамияту одоби мудир моро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба эшон вомедошт.

Баҳром Фирӯз ошиқи табиат ва мафтуни зебоиҳои он буд. Аммо сайру саёҳати ӯ ба канори дарёчаву ҷангалу боғу роғ бо барномарезии хос сурат мегирифт. Яъне чун адиб ва роздони асрори табиат аз ҷилои сабзаву гул ва таровиши обшорону чашмасорон маъниҳо дарёфт мекард ва ин рангорангиҳои чаману боғу адирҳоро дар осори хеш ба устодии тамом истифода мекард. Ҷолиб он аст, ки адиби олиназар дар оғӯши табиат рӯзҳои фориғ аз кор машғули пешаи занбӯри асалпарварӣ буд. Бо назардошти ин шуғли пок ва шоирона боре ба эшон шӯхиомез гуфтам:

Занбӯри дурушти бемуруватро гӯй,
Боре чу асал намедиҳӣ, неш мазан!

Бо шунидани ин байт чеҳраи нуронияш дучандон шукуфт ва барқи чашмонаш бештар дурахшид. Мисраъҳоро дар кандуи дил ҷо кард, ба дафтарчааш навишт ва шӯхиомез гуфт: —Мирзоҷон, Шумо, ойтӣ Сироҷова ва Тӯҳфахон Расулиро ягон рӯз ҳатман ба сайргоҳи занбӯрҳоям мебарам, бо асали ноб зиёфат мекунам ва худатон мебинед, ки занбӯрҳои мо нешзан не. Бо мурувват ва асалрезанд занбӯрҳои акотон.

— Мисли худатон, — ҳозирҷавобӣ кард Тӯҳфахон.

Мо, ходимони шӯъба чанде баъд дар тӯйи арӯсии фарзандони устод ширкат варзидем. Дар баробари дигар нозу неъматҳои дастурхони ғании Баҳро-ако асалҳои маҳсули дасти устодро нӯши ҷон кардем. Лаззати он асалҳо чун маъниҳои баланди осори адабии Баҳром Фирӯзи сухангустар аз ёди мо ва ҳазорҳо тан хонандагони осори он фарзанди сарафрози Самарқанди шӯҳраи даҳр нарафтааст ва нахоҳад рафт.

Хонаи охирати устод обод бод!

августи с. 2009

САЙЁДИ ҒАФФОР
шоир

ЧЕҲРАИ ҲАМЕША ШОДОБ

Рӯзгоре, ки мо мактабхон будем, бисёр нозанин буд. Мардум осуда мезист, аз кораш роҳат медид. Мо аз хушиҳои рӯзгор ҳамеша бархурдор будем. Дар лаҳзаҳои фароғат бештар китоб мехондем. Ман ошиқи шеър будам. Боре ба дастам китоби шеъре афтид бо номи «Розҳои маҳтобшаб». Соҳиби ин китоби нағз устод Баҳром Фирӯз буд. Пас аз ин ошноӣ бобату таронаҳои дилнишин асарҳои насрии устод ба дастам расиданд. Ёдам ҳаст, ки китоби «Рухсора» дар деҳи мо рӯйи даст мегашт. Ин китобро сахт дӯст дошта буданд. Дар мактабу кӯчаву хонаву чойхона сӯҳбат аз Рухсора мерафт. Рухсораи устод ҳамрози ошиқон буд…

пешина
аз 94
навбатӣ