Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мудири қисми таълимии омӯзишгоҳ Рофеъ Орифӣ адабиётшинос буд. Рафтору кирдор ва гуфтораш шоирона, орифонаву олимона. ҳатто гашту нишасташ намунаи ибрат буд. Либосро тозаву озода мепӯшид, ки шогирдон чунин тарзи либоспӯширо орзу мекарданд. Дарсҳои ӯ шавқовар мегузаштанд. Бо як тарзи хосе сухан мегуфт. Калима, ибора ва ҷумлаҳоро чида – чида возеҳу равшан ифода мекард. Ӯ таҷрибаи бойи омӯзгорӣ ва зиндагии ибратангезе дошт. Устод Орифӣ ҳамчун донишманди илму маърифати замон, зиёии нуктасанҷ нозукиҳои фанни забон ва адабиётро ба дараҷаи баландаш медонист. Эшон шахсе буд, ки тамоми ҳаёти бошууронаашро ба инкишофи соҳаи маориф бахшидааст. Панду ҳикмати бузургони миллатро ҳамеша мадди назар дошт ва мегуфт:

Гар таваккал мекунӣ, дар кор кун,
Касб кун, пас такя бар ҷаббор кун.

Азимхон Солеҳов аз фанни забон дарс медод. Қиёфааш ҷиддӣ, ҳангоми сӯҳбат хеле хушгуфтор, ғамхору меҳрубон ва сӯҳбаторо буд. Дарсҳояш пурмазмун мегузаштанд. Ибораҳои рехта ва матнҳои классикиро барои омӯхтани донишҷӯён ҳамеша пешниҳод менамуд. Донишҷӯи қобилу боистеъдод ва бечораи боинтизомро бисёр дӯст медошт. Махсусан, ба ман ғамхорию меҳрубонии падарона ва устодона зоҳир мекард. Дар байни ҳайати муаллимон ягона шахсе буд, ки сигор мекашид. Аз кашидану кайфияти он лаззат мебурд. Тамокуи «Беломор канал» ва бӯйи хуши онро аз ҳамаи сигорҳои дигар боло медонист. Интизоми қатъӣ, дониши амиқу мукаммал ва таҷрибаи пешқадамро асоси пешравӣ меҳисобид. Дар натиҷаи меҳнати пурсамар ва хизматҳои шоиста сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гардида, дар тарбияи ҳазорҳо ҷавонони соҳибкасб саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Ӯ ҳамчун донандаи шеъри бисёр маҳорати суханварӣ ва забондониро дар дили хонандагон мепарварид. Доимо таълим медод:

Ҳар касе, ки дониш фаромӯш кунад,
Забонро зи гуфтор хомӯш кунад.

Наберахӯҷа Валихӯҷаев устоди бузургвори устодони омӯзишгоҳ, математики машҳур, падари академики Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ботур Валихӯҷаев, донишманди илмҳои дақиқ ва таҷрибакор. Ҳамон солҳо синну соли мубораки эшон тақрибан ба 80 мерасид. Аз чеҳрааш нури зиё меборид. Мисолу масъалаҳо ва формулаҳои математикӣ, геометрию алгебравиро азёд медонист, ки донишҷӯён суханони пурмӯҳтаво ва осонфаҳми ӯро зуд аз бар мекарданд. Устод хислатҳои аҷибе дошт. Аз каме бетартибии шогирдон зуд меранҷид. ҳамоно ғазабаш омада, синфхонаро тарк мекарду ба саҳни ҳавлии таълимгоҳ мебаромад. Пас аз дақиқаҳои тӯлонӣ сардори синф бо сад узру тавба ва бахшишҳо аз номи хонандагон, устодро ба дарс меовард. Хидматҳои устод Валихӯҷаев дар инкишофи илму маърифат, таълиму тарбияи ҷавонон ва умуман пешравии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бениҳоят бузург аст. Вай ҳамчун омӯзгори соҳибмаҳорат ва пуртаҷриба асоси дастовардҳои илму таълимро аз амали воқеӣ медонист. Бинобар ин шогирдонро даъват менамуд, ки дониши назарияшонро дар амал татбиқ созанд ва ҳамеша ба суханони бузургон такя карда мегуфт: Бузургтарин устод таҷриба аст.

пешина
аз 94
навбатӣ