Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Ва ин ҳама чун гавҳари исбот дар асарҳои машҳури устод Баҳром Фирӯз – «Ту танҳо не», «Ғафлатзадагон», «Рухсора», «Муаллими сахтгир», «Пеш аз шаби арӯсӣ», ҳикояҳои дилпазири «Бобо», «Писарак ва бузғола», «ҳақиқати талх», «Модари ранҷбари ман» ва дигар фурӯ рехтаанд.
То имрӯз он дастнависи тарҷумаи «Сипсик» дар дасти ман аст, ки дар ҳошияи баъзе саҳифаҳои он устод хеле озода ва эҳтиёткорона ислоҳҳои худро навиштаанд. Чунин муносибат ва дилсӯзӣ ҳар навқаламро рӯҳбаланд месохт, то ба роҳи эҷод дилпурона қадам гузорад.
Баъдан асари дуюми Эно Рауд «Кинокамерае, ки ҳама чизро донистан мехост» аз чоп баромад, ки онро низ бо тавсияи устод ман тарҷума кардам. Сипас устод пешниҳод карданд, ки асари калонҳаҷми Эно Рауд – «Лаълиҳои паррон»-ро тарҷума намоям. Ба хушӣ пазируфтам.
Вале… ҳодисае сабаб шуд ва дар селоби ташвишу мушкилоти рӯзгор кори тарҷумониро фаромӯш кардам…
… Дар як хоначаи хурде зиндагӣ доштем. Дар ин хоначаи таърихӣ, ки ба садо тааллуқ дошт, замоне мусаввири шинохтаи тоҷик Вафо Назаров, сипас Гулчеҳра Сулаймонӣ ҳам иқомат кардаанд. Вақти таъмир маҷбур шудем чизу чораҳои худро ба роҳрав барорем. Ду қуттии бузурги китобу луғат ва дастнависҳоро низ берун кашидем. Чун ранги фарши хона ҳанӯз хушк нашуда буд, қарор додем, то субҳ интизор шавем. Саҳар ҳама чизро дар ҷояш пайдо кардем, ба ҷуз он ду қуттии бузурги китобҳо… Дастнавису китоби «Лаълиҳои паррон» низ он ҷо буданд.
Ва то охир устод Баҳром Фирӯз нафаҳмиданд, ки чаро сари ин асар тарҷумонии ман ин қадар «тӯл» кашид ва чаро дигар ин корро давом надодам.
— Афсӯс, – гуфтанд устод боре дар сӯҳбати сарироҳӣ, ки тасодуф рӯ ба рӯ омадем ва аз баҳонаи пешовардаи ман норозигӣ карданд.
— Кору бори зиндагӣ ҳеҷ охир надорад. Набояд ин корро аз даст монд. Тарҷумонӣ ҳунари волосту пурифтихор.
Баъд маро шодравон Мавҷуда Ҳакимова ба идораи маҷаллаи «Машъал» ба кор даъват намуданд, ки соле котиби масъул ва пасон сардабири маҷалла будам. Ва то имрӯз ҳам ин заҳмат ба дӯши ман асту танҳо номи маҷалла ба «Истиқбол» иваз шуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор