Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Баъд майдонҳои касофатбор оғоз ёфтанду дигар оромиву осудагии мардум, сӯҳбату нишастҳои беғамона ба якбора барҳам хӯрданд. Донишмандону таҷрибадорон аз рӯзҳои нахуст ҳис мекарданд, ки як балои мисли кӯҳе, ки аз ҷояш канда шудаст, ба сари мардум хоҳад омад ва дар изтироб буданд. Акаи Баҳром низ аз рӯзи аввал ба ин ҳаёҳу зид буданд. Мегуфтанд, ки «гирдиҳамоиро дар ҳама кишварҳо мекунанд! Лекин талабу дархостҳояшонро байни як-ду соат гуфта мераванд! Ин чӣ гап: шабу рӯз талаби маро иҷро кун гуфта, аз ҷо наҷунбӣ! Демократия ин нест, ки мисли гови сар дода девонагӣ кунӣ ва ҳар каси пеш омадаро шох бизанӣ. Демократия ба андешаву ба маданият будан аст. Он кореро, ки ба худат раво намедорӣ, ба дигарон низ написандӣ. Меҳнатро бештар ба худ бигирӣ. Аз гуфтору рафторат дар назди ҷомиа, дар оянда ҷавобгарӣ ҳис кунӣ». Баъдтар бо оҳанги дигар дарди дил карданд. «Фарзандонро илму маърифат, ростӣ меомӯзем. Аммо дар кӯча ё байни ҷомиа бештар ба дӯғу дағалӣ бармехӯранд. Дар ду-се соли охир зӯроварӣ, афкору андешаҳои номатлуб боло меравад...»
Баъде, ки ҷангу кӯб, куштори рӯйирост сар шуд, сахт дилмондаву ноумед шуданд. Мегуфтанд, ки дасту дилам ба кор намеравад. Ҳайфи ин кишвари обод. Дар замине, ки аз ҷаҳолату гумроҳӣ хуни ноҳақ рехт, ҳафт-ҳашт сол оромиву осудагиро намебинад...
Ва дере нагузашта гуфтаи акаи Баҳром шуд. Кишвар ба ҷанги ҳамдигаркушӣ печид. Деҳа ба деҳа, ҳамсоя ба ҳамсоя, бародар ба бародар даст ба гиребону гулӯи ҳамдигар шуданд ва ниҳоят хонаву дарашонро партофта рафтанд. Дар раҳонидани ҷону луқмаи нон саргардону дарбадар шуданд.
Мо ҳам аз сабаби дурӣ ду сол ҳамдигарро надидем. Боре дар сафари ноҳияи Ғончӣ ният доштам Хуҷанд рафта акаи Баҳромро мебинаму пас ба Душанбе бармегардам. Бегоҳӣ атрофи дастархон нишаста будем, ки дар ахбор яке сураташонро нишон дод. Ва хабари марг... Ман шах шуда мондам. То саҳар ҳазорон андешаҳои ғамангез аз сарам мегузаштанд. Кош, аввал акаи Баҳромро медидам, гӯр бар сари ҳамин зиндагии бенизом. Саҳарӣ ҷониби Хуҷанд мошин мерондаму дашту дарахтони зардолуди тирамоҳ ба назарам бенуру дилгир ва нодаркор менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор