Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шамъи ин маҳфил маро бар сӯхтан парвона кард,
Ҳар чи бошад ибрат аз ҳампеша пайдо мекунад.

Янгаи Саида завҷаи акаи Баҳром бо ханда маро пешвоз гирифтанд. Акаи Баҳром дар даст кафгир аз ошхона намоён шуда гуфтанд:

— Мо палав пухта телефон ба телефон шуморо мекофтем.

— Палав бошад, каромат карда худам меоям.

— Ман ҳам гуфтам, ки овора нашавед, худашон меоянд! – афзуданд янгаи Саида.

Зану шавҳар бо шодмонӣ ба якдигар нигаристанд.

Ба онҳо чашмам афтиду аз дилам гузашт, ки аз ҷазбу муҳаббати ду тараф дилат хурсанд мешавад. Ва пеши назарам дафъае, ки даставвал ҳамакаса хонаашон рафтем, омад. Он ҷо ду-се нафар ҳамсояҳои русзабон низ буданд. Янгаи Саида дамубадам хӯрокҳои тоза меоварданд. Ва ҳар лаҳза меҳмонҳоро ба гап мегирифтанд. Акаи Баҳром якчанд шеърҳои Евтушенкоро аз ёд хонданд. Сипас кадоме аз занҳо аз он кас хоҳиш кард, ки ягон шеъри ба арӯсашон бахшидаро бихонанд.

— Барои арӯсам як шеър не, даҳто мехонам, – гуфтанд акаи Баҳром ва онҳо ба ҳам нигаристанд. Чашмонашон лаҳзае саршори меҳру навозиш шуд ва акаи Баҳром бо овози ширину дилнишин ба хондан шурӯъ карданд:

Ман ин бода нӯшам барои гуле,
Ки ӯ дар муҳаббат фидокор монд.
Ҳамеша ба рӯям нахандид ӯ
Валекин ба меҳраш вафодор монд.

Янгаи Саида сурх шуда гуфтанд:

— Ин касро монед, то саҳар шеър мехонанд.

Акаи Баҳром табассум карда афзуданд.

— Ҳанӯз дар айёми наврасиам барои ин кас як китоб шеър навиштам. Чандин маротиба хешу табор омаду рафт карданд, падарашон ба додан ҳеҷ розӣ намешуданд. Ҳамкорон, муаллимони донишгоҳ ба мобайн даромаданд, не-дия, ба бегона намедиҳам, вассалом. Аз сӯзи дил субҳи зодрӯзашон як таксӣ гула бурда аз раҳи калон то назди дарвозаашон андохтам. Мӯйсафед пагоҳӣ ин аҳволро дида, оташи якравиашон паст шуд.

Янга бо табассум ба ман нигариста савол карданд:

— Кӣ ҳам фарзандашро ҳаждаҳсола карда, гул барин расонда, ба каси ношинос дарҳол бароварда медиҳад? Ё суханам нодуруст, Мирзоҷон?

Мо мардҳо кайҳо сархуш будем.

— Рост, рост, – гуфтам бо ҷиддият, – ба хусус ба мардуми Самарқанд. ҳанӯз ҳашт аср пеш шайх Камол гуфтаанд:

пешина
аз 94
навбатӣ