Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки ҳуруфи чӯбба чист, бигӯй, «Ҷ» — ҷидду ҷаҳд аст. «Б» — бедорӣ ва ҳушёрӣ аст, яъне соҳиби ин либос, бояд ки дар кори худ бедору ҳушёр бошад ва ғафлат наварзад. «Х» — ҳиммати баланд аст, яъне дар ин либос олиҳиммат бошад ва ба чизҳои дун сар фурӯ наорад.

Агар пурсанд, ки тос ишорат ба чист, бигӯй, тос ишорат ба мартабаи сафо ва покизагист ва баъзе гуфтаанд, тос ишорат ба дил тавонад буд, ки тосро дар зери чӯбба мебарад ва берун меоварад. Ин ҷо низ тоси дил, ки дар миёни чӯббаи бадан пинҳон кардаанд, мебояд, ки ба ҳамон сафои аввал то охир бимонад.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи тос ишорат ба чист, бигӯй, «Т» — талаб аст, «А» ва «С» — саломат, яъне тосбоз бояд, ки пайваста дар талаби маъонӣ ва ҳакоиқ бошад ва улфат бо ёр гирад ва ба ағёр ва дар роҳи саломат равад, то дилаш аз офати роҳ солим бувад.

ҚИСМАТИ ДУЮМ

ДАР ШАРҲИ ЛӮЪБАТБОЗОН

Бидон, эй азиз, ки дар кори лӯъбатбозии дарвешони соҳибдил таомулҳо фармудаанд ва басе ҳакоиқ бар эшон кашф шудааст. Бибояд донист, ки ҳар чизе ки дар олами сурат зуҳур мекунад, агарчи дар либоси ҳазл бошад, аммо ба ҳАСБИ ҳақиқат ҷидд бувад...

Умари Хайём гуфтааст:

Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯи ҳақиқате на аз рӯи маҷоз.

Рӯзе ду-се омадему бозӣ кардем,
Рафтем ба сандуқи адам як-як боз.

Ӯ худ Мавлавӣ дар «Маснавӣ» овардааст:
Ӯ ба санъат Озар асту ман санам,
Ман шавам чизе, ки вай месозадам.
Гар маро соғар кунад, соғар шавам,
Вар маро ханҷар кунад, ханҷар шавам.
Вар маро чашма кунад, обе диҳам,
Вар маро оташ кунад, тобе диҳам.

Агар пурсанд, ки шарти лӯъбатбозӣ чист, бигӯй, он ки доно бошад ва аз ҳақиқат бобаҳра гардад.

Агар пурсанд, ки махсуси лӯъбатбозон чист, бигӯй, хаймаву пешбанд. Бозии хайма дар рӯз ва бозии пешбанд дар шаб тавон кард. Пешбанд сандуқеро гӯянд, ки дар пеши он хаёлбозӣ мекунанд ва дар рӯз бозӣ ба даст ҳаракат кунанд ва дар шаб бозӣ риштаи чандро мутаҳаррик (ҳаракаткунанда) созанд.

Агар пурсанд, ки хайма ишорат ба чист, бигӯй, ба бадани инсон, ки ҳар лаҳзае лӯъбати дигареро аҳвол ва фаъол аз ин хайма сар бармезанад ва дар ин хайма ҷуз яке нест, ки масдари ин мухталифот аст.

пешина
аз 242
навбатӣ