Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки маддоҳӣ чанд аст, бигӯй, се навъ. Аввал, он ки манзумотро хеле содда хонанд. Дуюм, он ки ҳама насру мӯъҷизот ва маноқибро ба наср адо кунанд ва он қавм ғаррохонон бошанд. Сеюм, он ки насру назм дар якҷоягӣ хонанд, ин тоифа мурассаъхонон мебошанд ва камоли фазли эшон зиёда аз он ду қавми дигар бошад.
Агар пурсанд, ки он чӣ хосаи маддоҳон аст, аз аломатҳо чӣ чиз аст, бигӯй, маддоҳонро аломат ба ҷомаву хирқа нест. Ба воситаи он ки эшонро ҳама навъ ҷома пӯшидан ҷоиз аст. Аммо аломате, ки хосаи эшон аст: найзаву тавқ (ба шаддаву суфра) ва табарзин... Найза барои ҳимояти худ, тавқ нишони ба кадом мартаба будани маддоҳ, суфра нишони кушодадастиву саховат аст. Чароғ маънии равшандилӣ, яъне муҳаббати мардонро дар зовияи дил равшан дорӣ, худро бисӯзӣ ва маҷлис бияфрӯзӣ ва сафои назар ҷамъ кунӣ.
ДАР БОБИ САҚҚОЕН
Бидон, ки саққоён ҳам маддоҳонанд ва ҳам саққоён ҷамоати мӯҳтараманд ва санади эшон басо бузург аст.
Рубоӣ:
Дар баҳри амиқ ғӯтта хоҳам хӯрдан,
Ё ғарка шудан, ӯ гуҳаре овардан.
Ин кор муҳотир аст хоҳам кардан,
Ё рӯй бад-ин сурх кунам ё гардан.
Ва баъзе исноди саққоёнро ба Салмони Форсӣ кунанд, ки пайваста машки об ба дӯш кашидӣ ва ба хонаҳо... овардӣ ва ин нақл дуруст аст. Шайх Саъдӣ низ ин тоифаи мардонро ҳаётбахшон мегӯяд.
Агар пурсанд, ки одоби саққоён чанд аст, бигӯй, даҳ: Аввал, пок бошад, ҷуз покон ин кор натавонанд кард. Дуюм, ба ҳасби маъни низ пок бошад. Сеюм, дар вақти саққой ибтидо аз дасти рост кунад. Панҷум, оби ҳалолу пок ба мардум диҳад. Шашум, бар саққой тамаи музд накунад, балки бо тавозӯъ бо халқ муомила кунад. Ҳаштум, дар ҳеч маҷлис бе иҷозат дарнаёд ва асл он аст, ки то ӯро ба маҷлис наталабанд дарнаёд, магар ки маҷлиси ом бошад, дар мавзее, ки халқро аз он манъ накунанд. Нуҳум, бар ҳамкорони худ ҳасад набарад ва агар якеро аз саққоён равнаке шавад ба он хуш шавад. Даҳум, кори худро ба тамоми ҷузъиятҳояш хуб донад.
ҚИСМАТИ ДУЮМ
ДАР ШАРҲИ ХОСАГӮЁН ВА БИСОТАНДОЗОН
Бидон, ки баъд аз маддоҳон ин тоифа бар дигарон муқаддаманд ба воситаи он ки эшонро дар анвои улум мебояд, ки мадҳал бошад, то ин кор тавонанд кард. Мисли илми фиқҳу тиб ва нуҷуму рамл... ва монанди ин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор