Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки рукни маърака кадом аст, бигӯй, файз гирифтан ва файз расондан.
Агар пурсанд, ки аркони маърака чанд аст, бигӯй чаҳор. Агар пурсанд, ки чаҳор рукни маърака кадом аст, бигӯй, аввал шустушӯй, яъне маъракагир бояд, ки поку покиза бошад, ки ба маърака дарояд, ба ҷиҳати он ки қадам ба ҷои покон ба покӣ бояд ниҳод. Дуюм, рӯфтурӯб, яъне бояд, ки дар мавзеъ, ки маърака мегирад, аз хору хошок пок созад. Сеюм, гуфтугӯй, яъне сухане ки дорад, адо кунад, бар ваҷҳе ки дар дили мустамеъ ҷой гирад. Чаҳорум, ҷустуҷӯй, яъне он чӣ ки аз ҳозирони маҷлис тамаъ медорад, биҷӯяд...
Агар пурсанд, ки маъракагирро чанд чиз бояд дар маърака, то писандидаи хотирҳо бошад, бигӯй, даҳ чиз. Аввал, он ки кушодарӯю хандон бошад. Дуюм, бояд ки чусту чолок ва сабукрӯҳ бошад. Сеюм, дар маърака бевақт наояд... Чаҳорум, дар мавзеъ ва маҳалли васеъу пурфазо маърака гирад. Панҷум, агар касе ноҷойгоҳ истода ё нишаста бошад, бо вай ба лутф ва нармӣ сухан гӯяд. Шашум, аз ҳозирон ҳиммат ва мадад талабад. Ҳафтум... устодонро ёд кунад. Ҳаштум, агар бузурге ва азизе дар он диёр бошад, ӯро низ ёд кунад. Нуҳум, саловат диҳад. Даҳум, киноят ва таъриз накунад ва ҳама касро ба дилу ҷон дуогӯй бошад.
Агар пурсанд, ки шаш ҷиҳати маърака кадом аст, бигӯй, аввал ниёз, яъне маъракагир бояд ниёзманд (мӯҳтоҷ) бошад ва аз дари дилҳо дарҷуза (гадоӣ) кунад, то муродаш ҳосил гардад. Дуюм, иродат, яъне ҳар ҷо ки маърака мегирад, ба иродат ва рағбат гирад, на ба кароҳат ва кудурат. Сеюм, карам, яъне агар дарвеше ба маъракаи вай дарояд, ҳам аз худ ба ваҷҳе файзе расонад ва ҳам поймардӣ кунад. Чаҳорум, исор, яъне бо вуҷуди эҳтиёҷ ва ваҷҳи маош, агар азизе бирасад ва талаби маърака кунад, бо вай музояка нанамояд. Панҷум, ҳилм (нармдил) яъне бурдбор (ботамкин) бошад ва агар касе бо вай сафоҳат (рафтори ношоиста) кунад, ё ҷамъе аз маърака бираванд таҳаммул кунад ва малул нашавад. Шашум, қаноат, яъне бад-он чӣ... насиби вай карда бошад, қаноат кунад ва муболиғаи зиёдатӣ нанамояд.
Агар пурсанд, ки камоли маъракагирӣ дар чанд сифат аст, бигӯй, дар панҷ сифат: Аввал, он ки эътиқоди ӯ пок бошад... Агар росту дуруст набошад, дар кори худ нокис бувад. Дуюм, он ки аз ҳасад дур бувад ва ба таассуби (бар қасди) бародар маърака нагирад. Сеюм, он ки аҳли таваккал бувад ва агар дар ҳаволии вай сад маърака падид ояд, аз он занни (гумон) бад набарад... Чаҳорум, аз ғаразу риё пок бошад, то сухани вайро дар дилҳо асар бувад. Панҷум, уҷб (худписандӣ) ва такаббур наварзад, балки мутавозеъ ва хокниҳод (хоксор) бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор