Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки ридо чанд газ бояд, бигӯй, ридо шаш газ дар тӯл ва се газу як ваҷаб дар арз бувад.
Агар пурсанд, ки ту барои либосӣ ё либос барои ту аст, бигӯй, либос сурат барои ман аст ва ман барои либос маъниам.
ФАСЛИ НУҲУМ
ДАР ОДОБИ САФАР КАРДАН
Агар пурсанд, ки одоби сафар кардан бар чӣ минвол (тарз) аст, бигӯй, бидон, ки одамиро аз сафар чора нест, балки аз он вақт, ки нутфа (оби мард, манӣ) буд, ҳамеша дар сафар буда ва хоҳад буд то ба охир.
Манзили аввалаш — салби падар, манзили дигараш — раҳми модар ва муддате дар он зулмот бар чанд марҳила гузар кард, то ба манзили сеюм омад, ки дунёст. Пас, ба манзили охир сафар мекунад, ки он манзили охир аст:
Сафар мураббии мард асту остонаи ҷоҳ,
Сафар хазонаи мол асту устоди ҳунар.
Агар пурсанд, ки сафар барои чӣ чиз мебояд кард, бигӯй, аҳли фақр сафар барои се чиз кунанд: Ё зиёрати бузургон, ё риёзати нафс, ё барои дарёфтани дидори мардони роҳ. Агар пурсанд, ки фоидаи сафар чист, бигӯй, фавоиди сафар бисёр аст, аммо фоидаҳо, ки нек зоҳир аст, ёздаҳ бошад: Аввал, сиҳҳати бадан... ва сабаби сиҳат табдили ҳаво бошад ва риёзати аъзо, ки ҳаракат мӯҷиби (боиси) таҳлили баъзе рутубати фазлӣ аст... Дуюм, ғанимат ёфтан ва расидан аст ба зиёрати қубури акобир. Сеюм, дафъ шудани коҳилӣ (танбалӣ) аст, ки одамӣ ҳар гоҳ дар як мақом сокин бошад, касолат (сустӣ) бар ӯ ғолиб мешавад ва чун рутубатҳои зиёдатӣ таҳлил намеёбад, коҳил мешавад. Чаҳорум, маҳв шудани ғам ва ҳам малолат, чи ҳарчанд касе малул бошад, чун ба сафар берун равад, албатта, он андӯҳ зоил (маҳв) мегардад. Панҷум, осоиши маош, чи ба ҳасби (мувофиқи) хосият ҳама касро дар сафар маош ба осонӣ гузарад. Шашум, таҳсили улум, ки дар сафар беҳтар ҳосил мешавад. Ҳафтум, одоби мутафаррика (гуногун) аз ҳар тоифа дидан ва ёд гирифтан. Ҳаштум, ба сӯҳбати акобир расидан. Нӯҳум, риёзати (ранҷи) нафс, чи дар сафар таҳаммули бори машаққат бояд кард ва аз ёрон ва бародарон ва хешон ҷудоӣ бояд ҷуст ва ин нафсро бағоят сахт ояд. Даҳум, қадри ғарибон бидонад ва дили ӯ раҳим (меҳрубон) шавад... Агар пурсанд, ки аркони сафар кардан чанд аст, бигӯй, бисту шаш: ду воҷиб, даҳ суннат, шаш адаб, се мурувват, се фазилат ва ду рукн.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор