Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ФАСЛИ СЕЮМ

ДАР ОДОБИ ТАКЯДОРОН

Бидон, ки ҳар такя нишонаест, ки мусофирону муҷовирон бад-он (нишонае оваранд). Пас мебояд, ки такяро ба чанд сифат махсус ва мумтоз бошад, то такядорӣ ӯро мусаллам бувад...

Агар пурсанд, ки такядор чӣ маънӣ дорад, бигӯй, ба дарвозаи марг ҳозир будан ва ба як нафас эътимод нафармудан...

Агар пурсанд, ки ҳосили такя чист, бигӯй, дидор...

Агар пурсанд, ки мақсади такя чист, бигӯй, хидмати фуқаро.

Агар пурсанд, ки қиблаи такя кадом аст, бигӯй, назар бар дилҳо доштан.

Агар пурсанд, ки санади такя кадом аст, бигӯй, ба ниёз даромадан.

Агар пурсанд, ки садри такя кадом аст, бигӯй, он ҷо ки комил нишаста аст.

Агар пурсанд, ки сирри такя чист, бигӯй, суфра.

Агар пурсанд, ки нури такя чист, бигӯй, чароғ.

Агар пурсанд, ки обрӯи такя кадом аст, бигӯй, покӣ.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи такя чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «Т» — далолат кунад бар таваккал. «К» — далолат кунад бар карам, яъне соҳиби такя бояд, ки карим бошад. «Й» — далолат кунад ба якрангӣ ва якҷиҳатӣ. Яъне такядор бояд, ки дар кори худ якранг бошад. «Ҳ» — далолат бар ҳаводорӣ, яъне такядор бояд, ки ҳаводори дарвешон ва мусофирон бошад ва ба дилу ҷон фуқароро дӯст дорад, то такядориро шояд.

Агар пурсанд, ки бар такядорӣ чанд адаб воҷиб аст, бигӯй, дувоздаҳ чиз: Аввал, тавозӯъ намудан. Дуюм, ба забон дӯстонро навохтан. Сеюм, рӯи кушодаву лаби хандон доштан. Чаҳорум, суҷуди тариқат ба ҷой овардан. Панҷум, то се рӯз аз мусофирон савол накардан. Шашум, агар сад бадӣ бинад ба карам дар гузаронидану пӯшидан, то замоне, ки меҳмонӣ се рӯзу се шаб аст бигзарад. Ҳафтум, то се рӯз суфра кушодан. Ҳаштум, ба дилу ҷон толиби мусофирон будан ва бо эшон бахилӣ накардан. Нӯҳум, аз кору одоби тариқат сухан рондан. Даҳум, хушмашрабӣ кардан ва бо дарвешон зуҳди хушк наварзидан. Ёздаҳум, айби ёронро мастур доштан. Дувоздаҳум, чун бурун раванд, шикоят накардан.

Бидон, ки ҳар дарвеше, ки ба манзил расад, бояд ки аз аҳволи сокинони он диёр пурсиш намояд ва ҳар ҷо ки аз аҳли дилу азизе нишон ёбад, худро ба мулозимати ӯ расонад ва дар омадан ба такяи фуқаро чанд чиз риоят кунад, то донанд, ки ӯ миён бастааст ва хизмати фуқаро карда.

пешина
аз 242
навбатӣ