Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки он шаш чиз, ки забон бад-он бояд кушод, кадом аст, бигӯй, изҳори он чӣ дар дилҳо ниҳон аст аз ҳоҷати зарурия, дар ионати (ёрӣ) мазлумон ва иғосати (фарёдрасӣ) маҳрумон сухане гуфтан, ки бад-он шарри золим аз сари мазлум дафъ шавад. Агар пурсанд, ки он ҳашт чиз, ки забон аз он дарбояд баст, кадом аст, бигӯй, аввал дарбояд баст аз дурӯғ, ки дурӯғгӯй аду аст. Дуюм, аз хилофи ваъда, ки он сифати мунофиқон аст. Сеюм, аз ғайбату буҳтон, ки он амали фосиқон аст. Чаҳорум, аз ҷадал, хусумат ва суханчинӣ ва айбгӯӣ, ки инҳо аз васвасаи шайтон аст. Панҷум, аз сано ва сутудани худ, ки далели уҷб (худписандӣ) ва туғён (аз ҳад гузаштан) аст. Шашум, аз лаънат кардан бар навкарон ва хизматгарон, ки феъли ҷабборон (золим) аст. Ҳафтум, аз дуои бад нафрин кардан, ки он сабаби кудурати дилу ҷон аст. Ҳаштум, аз мазох ва тамохара (ҳазл) ва тасҳар (масхара кардан) ва ҳазл, ки он воситаи ранҷиши фаровон аст.

Агар пурсанд, ки адаби даст чанд аст, бигӯй, панҷ: Аввал, он ки касби ҳалол кунанд. Дуюм, он ки касеро наёзорад. Сеюм, он ки ҳаром фаро нагирад. Чаҳорум, он ки дар амонат хиёнат накунад. Панҷум, он ки ба қалам чизе нанависад, ки ба забон натавон гуфт.

Агар пурсанд, адаби шикам кадом аст, бигӯй, он ки аз ҳаром ва шубҳат пок дорад.

Агар пурсанд, ки адаби пой чист, бигӯй, ду: Аввал, он ки ба се мавзеъ равон кунӣ. Дуюм, он ки аз се маҳал боздорӣ.

Агар пурсанд, ки он се мавзеъ, ки бояд рафт, кадом аст, бигӯй, аввал ба мавзеи хайр равад. Дуюм, он ки ба зиёрати қубур ва қулуб шитобад. Сеюм, он ки ба шафоати гуноҳкоре ё аёдати беморе, ё дафъи зулмеву озоре қадам бояд ниҳод.

Агар пурсанд, ки он се мавзеъ, ки набояд рафт, кадом аст, бигӯй, аввал ба хонаи золимон ва ҳаромхӯрон, магар ба зарурат. Дуюм, ба мавозеи туҳмат ва ҷойҳои нолоиқ, чун қиморхона ва харобот. Сеюм, аз паси номаҳрам нашояд қадам ниҳод.

ФАСЛИ ДУЮМ

ДАР ОДОБИ АРБОБИ ТАРИҚӢ ҲАР ТОИФА

Он чанд навъ тавонад буд? Адаб бо пирон ва бо устодон, бо падару модар ва хешон ва бо дӯстон ва бо ошноён ва бо ҳамсоягон ва бо бегонагон...

пешина
аз 242
навбатӣ