Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки камари хизмат барои кӣ мебояд баст, бигӯй, барои дарвешон:

Давлат он набвад, ки султонро парастӣ чун сагон,
Хизмати дарвеш кун, кин поя фарри ӯ фар аст.

Агар пурсанд, ҳуруфи камар чӣ маънӣ дорад, бигӯй, «К» — нишони кифоят аст, «М» — аломати масканат аст, «Р» — далели ризо аст, яъне ҳар кӣ камар баста бошад, бояд ки ба кори мардум кифоят кунад ва пайваста ба мискинон нишасту бархост кунад ва масканат варзаду соҳиби иззат бошад.

Агар пурсанд, ки наълин кӣ тавонад пӯшид, бигӯй, он кас ки роҳи талаби ҷидду ҷаҳди ӯ зиёда бошад, барои он ки ҳар кӣ пойбараҳна бошад, чунин роҳ натавонад рафт. Агар пурсанд, ки ҳуруфи наълин ишора ба чист, бигӯй, «Н» — ишорат ба ниёз аст. «А» — ишорат аст ба иззат, яъне ҳар кӣ наълин пӯшад, бояд ки қадам ба тариқи иззат ниҳад, пой аз доираи ҳурмат берун накашад, то ҳама ҷо мӯҳтарам бошад. «Л» — ишорат бар лутфу марҳамат, яъне бо ҳама кас лутф варзад ва бар ҳама кас меҳрубон бувад, то шоистаи раҳмат гардад.

БОБИ ПАНҶУМ

ДАР ОДОБИ АҲЛИ ТАРИҚ

Бидон, ки бузургон гуфтаанд, ки дарвешӣ тамоми адаб аст. Яъне ҳар вақте ва ҳар ҳоле ва ҳар мақомеро одобе аст. Пас, ҳар кӣ муҳофизати одоб кунад, ба мақоми мардон расад ва Саноӣ дар «Ҳадиқат ул-ҳақиқат» гуфтааст, ки сӯҳбат натиҷаи адаб аст ва адаб натиҷаи ҳурмат ва ҳурмат натиҷаи сафват (покизаву холис) ва сафват натиҷаи дил ва дил хазинаи ақл, ақл бошад хазинаи сирр ва сирр хазинаи маърифат... аст. Ва гуфтаанд: адаби зоҳир нишонаи адаби ботин аст..., яъне адаб покиза сохтани зоҳиру ботин аст. Ҳар кӣ ба ҷое расад, аз адаб расад. Чунончи, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мефармояд:

Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак,
В-аз адаб маъсуму пок омад малак.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

ФАСЛИ АВВАЛ

ДАР ОДОБЕ, КИ АҲЛИ ТАРИҚРО МУҲОФИЗАТИ ДИЛ
АСТ ВА МУҲОФИЗАТИ ҲАФТ УЗВ: ЧАШМУ ГӮШ,
ЗАБОНУ ДАСТ ВА ШИКАМУ ФАРҶУ ПОЙ

Агар пурсанд, ки муҳофизати дил чӣ гуна аст, бигӯй, чунонки аз маосии дил эҳтироз кунӣ ва асли маъсиятҳои дил ҳасад аст ва уҷбу (ғурур) риё ва ғафлату ғурур ва бухлу ҳирс ва амсоли инҳо.

пешина
аз 242
навбатӣ