Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар пурсанд, ки имони тариқат чист, бигӯй, истодани нафс, яъне ба амри пиру устод истодагӣ кардан.

Агар пурсанд, ки тариқат ба чанд чиз тамом мешавад, бигӯй, ба даҳ чиз: Аввал, зикр; дуюм, шукр; сеюм, хидмат; чорум, тоат; панҷум, мурувват; шашум, қаноат; ҳафтум, муҳаббат; ҳаштум, таслим; нӯҳум, таваккал ва даҳум, тавҳид.

Агар пурсанд, ки такбири тариқат чист, бигӯй, дурусту рост гуфтан.

Агар пурсанд, ки рукни тариқат чист, бигӯй, сухани хос бо хос гуфтан.

Агар пурсанд, ки суҷуди тариқат чист, бигӯй, сухани тамоми гуфтан ва бо айёрмардон (ҷавонмардон) рост овардан.

Агар пурсанд, ки миёни шариат ва тариқат ва ҳақиқат чӣ фарқ аст, бигӯй, эшон ҳарсе бозбастаанд.

Шариат — онро донӣ, (ки) равшан аст, нишон аст, ҳурмат аст.

Тариқат — ӯро ҷӯй, (ки) кӯшиш аст, баён аст, хидмат аст.

Ҳақиқат — ӯро бинӣ, (ки) биниш аст, аён аст, ҳиммат аст.

Агар пурсанд, ки самараи ҳар як чист, бигӯй, самараи шариат — вафост ба аҳд, самараи тариқат — фаност, яъне аз худ гузаштан аст, самараи ҳақиқат — бақост, яъне аз ботил буридан ва ба кори ҳақ пайвастан аст.

Агар пурсанд, ки обрӯи тариқат чист, бигӯй, ду: Аввал, он ки дасти тиҳӣ назди дарвешон наравад. Дуюм, он ки пайваста бо таҳорат (пок) бошад.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи шариат, тариқат ва ҳақиқат ишорат ба чӣ чиз аст, бигӯй, шариат панҷ ҳарф аст: «Ш» — шарти ибодат ба ҷой овардан, «Р» — раво аз нораво донистан; «Й» — якдил будан, «Ъ» — илм... омӯхтан ва «Т» — талаб... кардан аст.

Тариқат низ панҷ ҳарф аст: «Т» талаб кардан, «Р»— розӣ будан, «Й» — яқин (фикри ягона) ҳосил кардан, «Қ» — қурб (наздикӣ) ҷустан, «Т» — таваҷҷӯҳи тамоми фармудан.

Ҳақиқат низ панҷ ҳарф аст: «Ҳ» — ҳузури дил, «Қ» — қадам ба бодияи таҷрид ниҳодан, «Й» — дар мартабаи тафрид якҷиҳат шудан, «Қ» — қайди ҳастии маҷозӣ ва қадами таин бардоштан, то назар ба ҳақоиқи ашъё кушода шавад ва «Т» — тавҳид. Ин понздаҳ сифат дар ҳар як фард мавҷуд бошад, марди комилу мукаммал бошад ва иршоди тариқатро шояд ва ӯро расад, ки қадам бар сари саҷҷодаи шайхӣ ниҳад.

Бидон, ки тасаввуф яке аз мақомоти тариқат аст. Ва ихтилоф кардаанд, ки ин исм ҷадид аст ё қадим. Баъзе бар онанд, ки ин исм баъд аз замони зуҳури ислом пайдо шуд... Вале маълум мешавад, ки номи тасаввуф дар замони пеш аз исломӣ низ буда ва дар китоби «Унс ас-суфия» нақл мекунад, ки аввалин касе ки ӯро сӯфӣ гуфтаанд Шиш — яке аз фарзандони Одам будааст... Либосҳои ӯ аз суфи сабз будааст ва ин исм аз рӯзгори Шиш дар ҳаққи пашминапӯшон машҳур шуд. Ҳар кӣ ташбеҳ бад-ин тоифа мекунад, ӯро аҳли тасаввуф ном мекунанд. Пас, ҷамоате, ки ба ҷидду ҷаҳд толиби аҳволи сӯфиёни соҳибкамоланд, эшонро мутасаввифа мегӯянд.

пешина
аз 242
навбатӣ