Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки асли тариқат чанд чиз аст, бигӯй, се чиз: дам, қадам ва карам.
Агар пурсанд, ки ҳар яке чӣ маъни дорад, бигӯй, дам, яъне дам даркашидан аз ногуфтаниҳо. Қадам, яъне қадам наниҳодан дар нокарданиҳо ва карам, яъне кор кун ва даркор кун. Ҳар кӣ аз ин се асл яке надорад ва якеро надонад, аз тариқат бебаҳра аст...
Агар пурсанд, ки мақомоти тариқат чанд аст, бигӯй, чор саду чилу чор. Аммо маҷмӯи он дар чаҳор мақом ҷамъ аст. Аввал, тавба, ки ду навъ аст, яке тавбаи зоҳирӣ аз гуноҳ; дуюм, тавбаи ботин аз худбинӣ:
Омро тавба зи кори бад бувад,
Хосро тавба зи диди худ бувад...
Дуюм, хавф:
Ҳар кӣ дар хавф аст, эминаш кунем,
Ҳар кӣ ӯ банд аст, озодаш кунем.
Сеюм, ҷиҳод, яъне ҷанг кардан аст бо нафс:
Эй шаҳон, куштем мо хасми бурун,
Монд хасме з-ӯ батар дар андарун.
Куштани он кори ақлу ҳуш нест,
Шери ботин суҳраи¹ харгӯш нест.
Чаҳорум, сабр:
Калиди дари ганҷи мақсуд сабр аст,
Дари баста он кас бикшуд, ки сабур аст.
¹ Суҳра — масхара, истеҳзо.
Агар пурсанд, ки аҳкоми тариқат чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, маърифат: дуюм, саховат; сеюм, таваккал; чорум, тафаккур; панҷум, сидқ; шашум, яқин.
Агар пурсанд, ки аркони тариқат чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, омӯхтани илм, он чӣ бар ӯ фарз бошад. Дуюм, илмро ба амал расонидан, ки илми бе амал дарахтест бе мева ва чарогест бе равған. Чуноне ки Саъдӣ фармудааст:
Бори дарахти илм надонам ба ҷуз амал,
Бо илм агар амал накунӣ, шохи бебарӣ.
Сеюм, бо халқ хулқи неку варзидан:
Хӯи нек ар додат Эзид, ҳеҷ дигаргун мабош,
Хӯи нек, эй одамӣ, аз ҳар чӣ дорӣ беҳтар аст.
Чорум, риёзат кашидан, то оинаи дил ба сайқали муҷоҳидат равшан гардад:
То дил аз сайқали таҷрид мусаффо нашавад,
Чеҳраи дӯст дар он оина пайдо нашавад.
Панҷум, пайваста дар зикри дӯст будан. Шашум, шавқи тамом ба лиқои дӯст доштан.
Агар пурсанд, ки суннати тариқат чанд аст, бигӯй, шаш: Аввал, вақт бо ҷамоат гузаронидан; дуюм, авқоти субҳу шомро ҷамъ доштан; сеюм, пайваста пок будан; чорум, дил нигоҳ доштан; панҷум, зикри таъзим гуфтан; шашум, пирону падаронро бо некӣ ёд кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор