Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Гавҳари пок бибояд, ки шавад қобили файз,
Варна ҳар санги сиёҳ лаъли Бадахшон нашавад.

Андешае, ки дар боби бародари Ҳотам кардаед бигзоред, ки аз ӯ таваққуи ҳотамият натавон кард, зеро ки Ҳотам баъд аз валодат шир аз пистони ман нагирифт, то вақте ки кӯдаки бегонаро шир додам ва ин бародар як пистон дар даҳон дошту дигаре дар даст гирифта буд, то кӯдакони дигар набинанду аз он шир нахӯранд. Аз чунин касе ҳотамӣ чун ояд?! Ин писарро ба сурат бо Ҳотам мушобиҳате тамом аст ва ба маънӣ бо ӯ мухолифате ло калом. Назм:

Зумурраду гиёҳи сабз агарчи якранганд,
Вале аз ин ба нигиндон баранд аз он ба чувол.
Агарчи дол чу зол аст дар китобат, лек
Ба шаш саду наваду шаш кам аст дол аз зол.

Ва машҳур аст, ки акобири қабила ба сухани модар мумтанеъ нашуданд ва бародарашро дар қасри Ҳотам, ки чиҳил равзана дошт, бар сарири иқтидор ва маснади ихтиёр мутааййин ва мутамаккин сохтанд ва Ҳотам рӯзе, ки дар ин каср нишастӣ аз зери ҳар равзана, ки овози соил баромадӣ нақди мақсуд дар домани орзуи вай ниҳодӣ.
Байт:
Бар он дар ҳеҷ кас соил нагаштӣ,
Ки дар дам коми ӯ ҳосил нагаштӣ.

Чун бародари Ҳотам ба ҷои вай нишаст, модараш дар либоси соилон ба зери як равзана омада дари савол кушод ва бародари Ҳотам вайро чизе бахшид. Пиразан баргашт ва дар мувозоти равзанаи дигар забони хоҳиш бикушод ва дигар бораш ба атияе бинавохт. Навбати сеюм бор ҳамин минвол наволае муносиби ҳол ба вай арзонӣ дошт. Карати чаҳорум, ки баробари равзанаи робеъ оғози савол кард, бародари Ҳотамро тоқат ба тоқ бирасида гуфт: «Эй гадои шӯхчашм шарм надорӣ, ки дари суол то ин ҳол илҳоҳ (илтимос) менамоӣ ва дар қадъа (нигоҳ) то ин ғоят ибром (исрор) меафзоӣ. Ин чӣ ҳирс аст, ки се навбат аз ман тафаққуд сутудӣ ва ҳамчунон дари талабу бенавоӣ мезанӣ ва бар ҳолати аввали худӣ?!»
Байт: Косаи чашми ҳарисон пур нашуд, То садаф қонеъ нашуд, пур дур нашуд.

Модараш ниқоб аз рӯй бардошта, гуфт: «Эй писар, ту шарм намедорӣ, ки ба ҷои Ҳотам менишинӣ ва даъвои саховат мекунӣ ва ҳол он, ки ман як навбат ҷиҳати имтиҳон ба ҳайъати гадоён баромада дар зери ҳар чиҳиЛ равза аз ӯ чизе талабидам. Ҳар навбат маро диду аз кароти пештар бештар чизе бахшид ва мутлақан гиреҳе бар абрӯ назад ва маро ба илҳоҳ ва ибром мансуб накард. Ту дар чаҳор навбат ба танг омадӣ ва маро шӯхчашму ҳарис ва мубрам хондӣ. Бархез, ки ин на ҷои туст!» Байт:
Ин ҷой на ҷои туст, бархез,
В-ин кор на кори туст, бистез.

Дар китоби «Ҷавоҳир-ул-иморат ва унсур-ул-вазора» мазкур аст, ки чун Ҳотам вафот кард, ӯро дафн карданд. Қазоро қабри ӯ дар маҳалле воқеъ шуд, ки селраха буд. Вақте аз авқот борони азим борид ва сели ҳоил (даҳшатнок) биёмаД ва наздик буд, ки қабри

Ҳотам вайрон гардад. Писараш хост, ки қолаби ӯро ба мавзеи дигар, ки аз ин офат эмин тавонад буд, нақл кунад. Чун сари турбати ӯ боз карданд, ҳама аъзо ва аҷзои ӯ аз ҳам фурӯ рехта буд, илло дасти ӯ, ки ба ҳеҷ навъ тағйире надошт. Мардум аз он ҳол мутааҷҷиб шуданд ва аз чунон сурате шигифт монданд. Пире соҳибдил дар миёни назораткунон буд, гуфт: «Эй мардум, аз ин аҷаб мадоред ва аз саломатии дасти Ҳотам мутааҷҷиб мешавед, ки ӯ бад-ин даст атои бисёр ба соилон дода буд, лоҷарам дар ҳимояти хайру карам саломат монд. Ҳар гоҳ дасти кофари бутпараст ба воситаи додани ато аз халали рехтан солим мемонад, на аҷаб, ки тани муъмини худопараст ба василаи тасаддук дар роҳи худо аз офати сӯхтан эмин гардад, чӣ ҳусули давлати ҷовидонӣ, балки вусул ба саодати ризои раббонӣ вобаста ба таъсиси миёни тоат ва ибодат мутааллиқ, ба ташйиди қавоиди хайрот ва мубаррот аст». Маснавӣ:

Давлатиён рӯҳ зи ҷаҳон тофтанд,
Давлати боқӣ зи карам ёфтанд.
Зиндагии шамъ зи ҷон додан аст,
Зоди раҳи рӯҳ зи нон додан аст.
Гӯйи саодат зи карам мебаранд,
Шаҳди шаҳодат зи карам мехӯранд.

Ва аз ғароиби ахбори Ҳотам он аст, ки баъд аз вафоти вай ҷамъе аз бани Асад дар охири рӯзе ба сари қабри вай расиданд ва чун бегоҳ буд ҳамон ҷо раҳти иқомат фурӯ кӯфтанд. Аҳли фуқаро зоду тӯша тамоми шуда буд. Ва ағлаб эшон гуруснаву бенаво буданд ва қофиласолор, ки ӯро Абулбохтарӣ гуфтандӣ шутурон ҳамроҳ дошт, аммо суфрааш бе тӯша ва хирмани зодаш бе хӯша буд. Маснавӣ:

Мазкур шуд ба некиву маъруф шуд ба фазл,
Он к-ихтиёри хизмати он бахтиёр кард.

Ин буд калимае чанд аз ахбори сахову карами Ҳотами Той ва муруввату футуввати хонаводаи вай, ки рақамзадаи килки таҳрир гашт.

пешина
аз 242