Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ба ҷавлон дароварданд ва дар ин маҳал бар канори мизмори (ҷои пойга) эшон дарвеше истода буд, ҷомаи хулқон пӯшида ва аз дасти соқии даврон шарбати заҳромези меҳнат нӯшида. Маснавӣ:
Парешон ҳайъате ошуфтаҳоле,
Танаш аз нола бар минволи ноле.
Заифе, тангдасте, бенавое,
Фақире, дардманде, мубталое.
Ҳотамро дар аснои мусобиқати асбони тозӣ ва маълоибати роҳнавардҳои ҳиҷозӣ назар бар он дарвеш афтод ва тарки тамошо дода, маркаб ба сӯи ӯ ронду гуфт: «Эй дарвеш, вуқуфи ту дар миёни ин ҳама гарду ғубор чист ва дидаи интизор, ки бар атрофи майдон ва ҷавониби мизмор мавқуф гардонидаӣ барои кист?» Дарвеш Ҳотамро нашнохта ҷавоб дод: «Мардуми фурӯмонда ва муҳтоҷам ва муқайяди зиндони фоқа ва эҳтиёҷ. Шунидам, ки Ҳотами Той дар ин майдон асп метозад ва ба ҷавғони тамошо гӯйи ишрат мебозад. Мехоҳам, ки ғубори сӯми асби Ҳотам, ки марди соҳибдавлат аст, бар сари ман нишинад, шояд ки аз деви идбору накбат ва ғӯли бадбахтию шиддат бозраҳам». Байт:
Чашми турост хосияти кимиё, ки оӣ
Бар хок агар фитад, шавад аҷаси хушк зар.
Ҳотам пиёда шуд ва асбе, ки савор буд бо зину лаҷоми пурзару зевари ороста ба вай дод ва ҳар ҷома, ки дар бар дошт, бад-ӯ пӯшонид ва аз маркабону ғуломон ҳарчӣ ҳамроҳи вай буд, ба вай бахшид ва узрхоҳӣ намуда, пиёдаву бараҳна рӯ ба сӯи хона ниҳода бозрафт ва бад-ин базлу эҳсон номи накӯкорӣ бар сафҳаи рӯзгор мусаббат ва марқум гардонид. Қитъа:
Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки махзани зару ганҷу дирам нахоҳад монд,
Тавонгаро, дили дарвеши худ ба даст овар,
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.
Ҳикоят. Рӯзе яке аз бодиянишинон дар ғояти сиғарҷусса ва ниҳофати бадан ба наздики Ҳотам омад, анбоне дар даст ва гуфт: «Эй Ҳотам, анбони маро пур аз орд кун ва аёли маро аз гуруснагӣ бозраҳон». Ҳотам гуфт: «Ман донистам, ки чӣ мехоҳӣ, аммо ту надонистӣ аз кӣ мехоҳӣ». Пас, хозини худро фармуд, ки анбони ин аъробиро ба ҷои орди сафед пур (аз) зари сурх кун. Хозин фармонро ба ҷо овард ва анбон аз зари холис пур сохта, пеши аъробӣ ниҳод. Бечора хост, ки бардорад, аз ғояти заъфу ниҳофат ва ниҳояти аҷз натавонист ва гуфт.
Байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор