Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Ба дидан ҳумоюн, ба боло баланд,
Ба абрӯ камону ба гесӯ каманд.
Чу сарве, ки пайдо кунад дар чаман,
Зи гесӯ бунафша, зи ораз суман.

Ва ин Мовия бо вуҷуди ҳусни бениҳоят ба хубии сирату покии саририят ороста буд ва ҷамоли суратро ба камоли маъни ҷамъ карда. Байт:

Суратат мебинаму ҳайрони маъни мешавам,
То чӣ маъние латифӣ ту, ки инат сурат аст!

Падари Мовия ихтиёри иқд ба дасти духтар дода буд ва зимоми амри никоҳ дар касби ризои ӯ ниҳода, то ҳар касро лоиқи кор ва мувофиқи рӯзгори худ шиносад ба ӯ иқди мувосилат баста, сари фароғат бар болини роҳат ниҳад ва чун ин нукта дар навоҳии билоди Яман шоеъ ва зоҳир шуда буд, овозаи камолу ҷамол ва ҳасабу насаби Мовия ба ҳадди иштиҳор расида, ҳар кас аз бузургзодагони араб худро бар Мовия ҷилва додандӣ ва васоиту васоил барангехта, пайғомҳои рағбатангез фиристодандӣ ва Мовия нақди ҳол як ба як бар маҳаки имтиҳон мезад ва дар иёри ҳар кас тасаввури кусур менамуд ва рақами радд бар сафҳаи ҳоли ӯ мекашид. Алқисса, Ҳотамро низ дағдағаи никоҳи Мовия инони ҳавас гирифта, хаёли таваҷҷӯҳ ба диёри вай дар сар афтод ва асбоби сафар муҳайё карда, мутаваҷҷеҳи қабилаи вай гашт ва дар он вақт Нобиғаи Зайбонӣ, ки аз машоҳири араб буд, бо яке аз акобири Ясриб ба ҳамин таманно рӯ ба манзили Мовия ниҳода буданд. Қазоро дар аснои роҳ ба Ҳотам расиданд ва ба мурофиқат ва мувофиқати якдигар назди Мовия омаданд ва ҳар як муддао ва мутаманнои худро ба маҳрамони вай дар аён оварданд. Байт:

Ҳама бизоати худ арза медиҳанд он ҷо,
Қабули ҳазрати ӯ то кадом хоҳад буд.

Мовия бар фаҳвои (мазмун) аҳволи меҳмонон мутталеъ гашта, пайгом фиристод, ки ҳоло аз роҳ расидаед ва таъаби сафар ва курбати (ғам) ғурбат кашида, имшаб дар висоқе (манзил), ки ба ҷиҳати ҳар як мутаъйин шуда, шеъре дар баёни ҳасабу насаб ва фазоилу шамоили худ иншо карда, мафохиру маноқиби обою аҷдод дар он мазкур созед ва иллассабоҳ ба мавқуфи эъломи ман расонед, то он чӣ баъд аз иттилоъ бар қуввати табъ ва латофати зеҳн ва аҳволу аҳсоб ва ансоби ҳар як маро рӯй намояд, шуморо бар он соҳибвуқуф гардонам. Эшон ба манозили муқаррар фуруд омаданд. Ва Мовия фармуд, то мутааллиқони ӯ алоҳида барои ҳар як шутуре наҳр (қурбонӣ) карда ба хаймаи ӯ фиристоданд ва худ рӯй баста, ҷомаҳои куҳна пӯшида ба шакли гадоён бар дари висоқи ҳар як омада гӯшти шутур талабид. Нобиға думи шутур ба вай дод ва Ясрабӣ аз ҷигар ва сипурз порае ба ҷиҳати ӯ фиристод ва аз он ҷо, ки карам зотии Ҳотам буд, порае аз гӯшти рон ва қадре аз куҳон пеши соил ниҳод ва Мовия онҳоро бардошта ба хона овард ва боварчиёнро фармуд, то маҷмӯъ табх карданд. Рӯзи дигар, ки меҳмонон ба маҷлис омада, ашъори худ ба маҳалли арз расониданд, Мовия муносиби ашъори эшон суханон гуфт ва бифармуд то хон бигустурданд ва ҳар чӣ ҳар як ба расми садақа дода буданд, ҳамонро биайна (айнан) пухта, пеши эшон ниҳоданд.

пешина
аз 242
навбатӣ