Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Байт:
Чун тавонистӣ надонистӣ чӣ суд,
Чун бидонистӣ тавонистӣ набуд.

Овардаанд, ки бузурге аз амал маъзул шуд ва ҷазаъ мекард. Гуфтанд раво бошад, ки чун ту азизе дар азл (бекор кардан) ҷазаъ кунад. Гуфт: «Ман на аз маъзулӣ ҷазаъ мекунам, чӣ яқин медонам, ки амал бе узл намебошад. Ин ҷазаъу изтироб барои он аст, ки агар бо касе накӯӣ кардаам мегирям, ки кошки некӣ зиёда кардаме ва агар аз ман ба нисбати касе бадӣ содир шуда, меандешам, ки бадӣ накардаме. Фард:

Чун оқибат ҷазои баду нек медиҳанд,
Эй кош, некӣ аз ҳама беш кардаме.

Дувоздаҳум. Аз руҷӯи халқ ва тараддуди мардум танг наояд ва ба вақти мулоқот бо эшон гиреҳ бар пешонӣ назанад ва яқин донад, ки мардум мулозими ихтиёранд. Ҳар ҷо ки ин сифат зуҳур кунад аз мулозамати халқон чора нест. Овардаанд, ки Фазл ибни Суҳайл дар замони вазорати худ якеро гуфт, ки аз омадушуди мардум ба танг омадаам ва аз бисёрии гуфтушунид бо додхоҳон малул гашта. Гуфт: «Эй вазир, болиши эҳзоз паси пушт баргир ва маснади вазорат дар ҳам печ ва дар ӯҳдаи ман кун, ки ҳеҷ кас туро наранҷонад ва дар ҳеҷ муҳими касе ба ту руҷӯъ нанамояд».

Қитъа:
Пеши он кас, ки ихтиёраш ҳаст
Халқ, бе ихтиёр меоянд.
В-агар он ихтиёр рафт аз даст
Ба дари ӯ чӣ кор меоянд.

Сездаҳум, дӯстони холис пайдо кунанд, ки аз неъматхоҳ аҳбоб якдилу якҷиҳат накӯтар бошанд ва гуфтаанд ки «дӯсти мухлис беҳ аз ганҷи зарри холис».

Чаҳордаҳум, аз аъмоли хоин ва золим ғофил машавад ва пайваста ба тафаҳҳусу таҷассуси аҳволи эшон иштиғол намояд ва золимони озордиҳандаро бар мазлумони руаё мусаллат нагардонад ва чун ситаму хиёнати яке аз эшон (ва чун ситам ва хиёнате, ки аз эшон) зоҳир гардад, ӯро ба уқубате, ки сазовори он бошад, ибрати дигарон гардонад ва дар сиёсати золимон мутлақан мусоҳала (сустӣ) накунад.

Понздаҳум, аз уммол (амалдорон) ришват нагирад, ки то касе ришват аз дигаре наситонад натавонад, ки ба дигаре ришват бидиҳад ва чун вазир ба ришват фирефта шавад, иҷозат аст ба ришват гирифтани он кас ва ришват додан ва сутудан ҳаром аст. Ва дигар ришватгиранда забуни ришватдиҳанда мебошад ва забуни муносиби вазир нест!

пешина
аз 242
навбатӣ