Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Нӯҳум. Чун умури сипоҳиён муфавваз ба амир аст, бояд ки амир султонро бар он дорад, ки пайваста лашкари ӯ ороста бошад ва барои ҳарб муҳайё ва омода гашта, чи олам маҳалли ҳаводис аст ва кас надонад, ки ҳодиса дар чӣ вақт зояд ва фитна аз кадом тараф ояд. Агар султон ба ҷамъи мол машғул гардад ва риҷол ҷамъ накунад, ба вақти зарурат фурӯ монанд, чӣ ҷамъи риҷол ба мол муяссар гардад ва атрофи мамолик ба риҷол мусаххар гардад. Байт:

Ба лашкар шавад мулки олам мусаххар
Ба мол аст тартиби лашкар муяссар.

Овардаанд, ки яке аз салотин бо амире аз умарои худ мушоварат кард, ки ман дар қиссаи молу лашкар ҳайронам. Агар мол ҷамъ кунам лашкар мутафарриқ шавад ва агар лашкар тартиб кунам, мол дар даст намонад. Амир гуфт: «Мол ҷамъ кун». Султон гуфт: «Лашкар парешон шаванд». Гуфт: «Агар риҷол бираванд, вақте ки ба эшон мӯҳтоҷ шавӣ мол ба эшон арз кун, то бозоянд». Гуфт: «Бар ин сурат ҳеҷ далеле дорӣ?» Гуфт: «Оре, дар ин хонаи холӣ ҳеҷ магас нест, бифармой то зарфе аз асал биёранд». Чун асал ҳозир шуд, магаси бисёр ҷамъ омаданд. Гуфт: «Ин як намуд аз ончи гуфтам зоҳир шуд». Султонро хуш омад ва таҳсин кардӣ ин сухан бо амири дигаре дар миён овард ва гуфт: «Лашкар тартиб кун ва эшон аз худ марон. Зеро ки шояд дар вақте ки хоҳӣ, ҷамъ шаванд ё нашаванд». Гуфт: «Бар ин маъни далел дорӣ?» Гуфт: «Дорам ва имшаб ба арз расонам». Чун шаб даромад, бифармуд, то зарфе аз асал оварданд як магас пайдо нашуд. Гуфт: «Дилҳо, ки аз касе мутанаффир шуданд ва дар торикии нафрат афтоданд, ҳарчанд мол бар эшон арза диҳанд, пиромуни он кас нагарданд. Ва ман дар ин боб ҳикояте ёд дорам». Малик фармуд, ки бозгӯй. Амир гуфт: «Султоне дар Миср буда, ки дар ҷамъи мол мекӯшид ва ба ғаври ҳоли лашкариён намерасид. Ҳар моле, ки ба даст меовард (дар) сандуқҳо мениҳод ва ба ҳад муҳофизат мекард. Қазоро амири Шом лашкар ҷамъ менамуд, то ба доияи (даъво) ҳарбӣ ӯ мутаваҷҷеҳи Миср шавад. Ин хабар ба Миср расид. Яке аз аркони давлати султони Миср бо вай гуфт, ки амири Шом лашкар ҷамъ мекунад, то ба ҳарби ту ояд. Мол медиҳад ва лашкар месозад ва мардони ту кӯ ва лашкари ту куҷост? Подшоҳ ишорат ба сандуқҳо кард ва гуфт: «Мардон дар ҳамёнҳоянду лашкари ман дар сандуқҳо, ҳар гоҳ хоҳам берун оянд». Дар аснои ин ҳам амири Шом тохте кард ва бар ӯ ғолиб омад ва сандуқҳо дар тасарруф оварду гуфт: «Агар ӯ бад-ин мол мардони корӣ ва муборизони корзорӣ ҷамъ кардӣ ин тафриқа бад-ӯ нарасид». Байт:

пешина
аз 242
навбатӣ