Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Назм:
Некӯӣ кун чун акнун медиҳад даст,
Бадӣ бигзор, агар чи қудратат ҳаст.
Ки некӯӣ накӯӣ оварад пеш
Ва гар бад мекунӣ бад оядат пеш.

Аммо риояти тарафи раият бояд донист, ки ғарази аслӣ аз ҷоҳу давлат на истирзои (талаби омурзиш) подшоҳ ва мутааллиқони ӯст, балки мақсади ақсо риояти ибод (бандагон) ва иморати билод (шаҳрҳо) аст. Пас, ҷониби раиятро риоят доштан аҳамми (заруртарин) муҳиммот аст ва он риоят ба ду шарт тавон буд.
Аввал, он ки дар муҳофизати ҳоли эшон ғояти эҳтимол ба ҷой оварад ва бомдод исъод (ёрӣ) чунон созад, ки аз кори худ бознамонад ва аз ҷои худ ҷудо нашаванд.
Дуввум, шарри золимро аз эшон дур созад, ки бузургон гуфтаанд, ки раият бар мисоли гӯспанд аст ва аҳли ихтиёр бар мисоли чӯпон ва подшоҳ молики гӯспанд.
Ҳамчунон ки молик гӯспандонро ба чӯпон супурда то аз даррандаҳо ва доми зиёнкорон нигоҳ дорад ва дар чарогоҳи хуш эшонро фарбеҳ кунад ва натоиҷу самараи он ҳосил оварад. Ҳамчунин аркони давлат бояд, ки раоёро аз чизҳои зараркунанда ва гургони ситамгор нигоҳ доранд ва он чи салоҳи дину дунёи эшон дар он бошад, бар он доранд ва аз манофеъу макосиби эшон чизе ба подшоҳ расонанд, на он ки аз ҳоли эшон ғофил шаванд, то золимон ҳар чи хоҳанд бо эшон кунанд. Назм:

Туйӣ роҳӣ ин дам ғанимат шумор,
Ғанамро зи гурги ситам боз дор.
Наояд ба наздики доно писанд,
Шубон хуфтаву гург дар гӯспанд.

Ва чун калимае чанд аз одоби иҷмолии аркони давлат гуфта шуд, ду-се нукта аз одоби умаро ва вузаро ва аҳли қалам ва нудамо мазкур мешавад.

Аммо умаро бояд, ки дувоздаҳ қоида доранд. Аввал, фармонбардории ҳақтаоло ба он қадар, ки хоҳад ки халқ хизмати вай кунанд, нахоҳад, ки хизмати худо кам аз он кунад. Пас, зишт бошад, ки истеҳқоқӣ махдумӣ ва худ бо халқ, беш аз он хоҳад, ки истеҳқоқи (лаёқат, қобилят) махдумин ҳақ бо худ. Байт:
Гар ҷониби ҳақ нигоҳ дорӣ,
Ҳақ низ туро нигоҳ дорад.

Дуввум. Ҳифзи ҳуқуқи неъмат, бояд ки ҳаққи валинеъмат фурӯ нагузорад ва тариқи хилоф пеш нагирад, ки куфрони неъмат натиҷаҳои бад дорад ва аз ҷумла он ки ҳеҷ касро аз мулук бар эшон эътимод намонад ва дар назари ҳама кас бе эътибор бошанд ва ҳеҷ носипос, кофири неъмат ба мурод нарасида ва оқибат ба накбат (бадбахтӣ) ва ҳазлон (хорӣ) гирифтор шуда.

пешина
аз 242
навбатӣ