Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳафдаҳум, коре ки ба ӯ муваффаз (супоридашуда) аст бар он мудовамат намояд ва аз муҳимме, ки мутакаффили он аст ғофил нашавад ва ҷаҳд кунад, ки пайваста ҳозир бошад, то ҳаргоҳ, ки султон ӯро талабад, дарҳол ба хидмат расад ва аз ҳамешагии бор ҳузур ва аз мулозамати доимӣ, ки муаддии (расонанда) ба маломат бошад, эҳтироз кунад.

Ҳаждаҳум, эътимод бар муҳаббату ризои султон накунад ва ба бисёрии хидмати худ низ восиқ (дилпур) набувад, чӣ ғурури ҷоҳ хидматро фаромӯш мегардонад ва дигар он, ки бо султон изҳор накунад, ки маро наздики ту ҳаққест ё собиқаи хидмате дорам, балки ба таъдиди мулозамат ва таъкиди дуогӯӣ ва лавоҳиқи фармонбардорӣ савобиқи ҳуқуқро наздики вай тоза дорад, бар ваҷҳе, ки охири он аввалро эҳё (ҷилонок) кунад, ки салотин ҳаққе, ки охираш аз аввал мунқатеъ бувад, фаромӯш кунанд ва аз хидмати касе миннатдор набошанд, чӣ эшон худро сазовори хидмат мешиносанд.

Нӯздаҳум. Маҳалли арзи ҳоҷат нигаҳ дорад, ки арз кардан бар мулук ҳукми намоз дорад, чи намоз дар вақт адо карда шавад, мақбул афтад, арзи ҳоҷат низ чун дар маҳал афтад, раво бошад.

Байт:
Ҳаромаш бувад неъмати подшоҳ,
Ки ҳангоми фурсат надорад нигоҳ.

Ва бояд ки чандин ҳоҷат арз накунад, ки асари малол бар ҷабини подшоҳ пайдо шавад.

Бистум, ӯро агар султон азиз дорад, бояд ки бар ҷамъе, ки наздики ӯ муқаррабанд ё хидмати қадимӣ доранд, тақаддум начӯяд ва худро аз эшон дар пеш наафганад, ки аз ин сурат бар сафоҳат ва хиффат ва камхирадӣ истидлол тавон кард. Чӣ шояд ки подшоҳро бо он касе, ки бар ӯ тақдим меҷӯяд, унсе ва улфате бошад ё хидмате ба шарте карда бошад, ки султон ҳаққи онро зоеъ нагардонад. Чун он кас ба дафъи толиби тақаддум (пешӣ) бархезад, подшоҳ ҷониби вай гирад ва ӯро мағлуб созад ва ӯ дар инфиъол ва хиҷлат намонад, Қитъа:
Бар он кас, ки ӯ хоси султон бувад,
Тақаддум маҷӯ, гарчи бошӣ азиз.
Агарчи туро иззате шуд падид,
Аз эъзози ӯ ҳам барандеш низ.

Бисту якум, бояд ки аз ситами султон наранҷад ва ғалат ва дуруштии эшонро ба дилҷӯйӣ ва дилхушӣ қабул кунад, чӣ гуфтаанд: Аз иззати подшоҳӣ ва фармондиҳӣ забонро кушода гардонад ва ба эърози мардумон бесабабӣ. Бар ин тақдир бо эшон мувосо (муросо) бояд кард ва агар аз рӯи нозе, ки мулозими салтанат аст, касеро дашном диҳанд бояд, ки дуо пардозанд.
Мисраъ:
Дашноми ӯ дуост.

пешина
аз 242
навбатӣ