Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агарам ҳазор ғам аз рӯзгор пеш ояд,
Чу рӯи шоҳ бибинам дилам биёсояд.
Хушдил мебудам, акнун ки бад-ин шаҳр омадам, хоҷа ҳусни маро дид ва ба ҳазор динор бихарид ва муддатест, ки маро дар хона пинҳон медорад ва ин соат фурсат ёфтам ва худро ба сари роҳ афгандам, бахт ёрӣ ва саодат мададгорӣ кард, то ба давлати мулозамат расидам ва умеде, ки дар дил доштам ба мавқифи арз расонидам, боқӣ султон ҳоким аст». Султон фармуд, то ғуломро адиби балиғ карданд ва ӯро ба касе супурд, ки инро пеши Ҳасан барад ва бигӯяд, ки ҳазор динор ба ғуломе метавон дод, чаро сад динор ба дарбоне намедиҳӣ, то бар дари хона нишинад ва нагузорад, ки ғуломи ту бе иҷозат аз хона берун равад. Яке аз ҳавос пурсид, ки ғуломро аҷаб адабе фармуданд. Султон фармуд: «Агар на он будӣ, ки ҳазори динори Ҳасан зоеъ мешуд, бифармудаме, то аз миёнаш ба ду ним зананд, чӣ агар ғуломонро фурсат диҳанд, ҳар ғуломе, ки аз хоҷа биранҷад ҳамин пеша гирад ва шикояте то муваҷҷаҳ ба арз расонад ва муҳимми хоҷагӣ ва бандагӣ халалпазир ва муҳмал (бемаънӣ) бимонад». Маснавӣ:
Чу аз хоҷаи худ биранҷад ғулом,
Ба довар диҳад шарҳ бо хосу ом.
Ба бӯҳтону ғайбат кушояд забон,
Ки то хоҷаро афганад дар зиён.
Ғуломе, ки зин сон бувад хӯйи ӯ,
Мабинад чашми касе рӯйи ӯ.
ҚИСМИ ДУВВУМ
Дар одоби ҷамъе, ки ба давлати салотин тақарруб ҷустаанд ва сарфароз гашта аз аркони давлат ва аъёни ҳазрат ва ховоси боргоҳу наввоб (ноибон) ва муҳосибу соири гумоштагон ва мутааллиқон ва бояд донист, ки ҳар кӣ дар кори подшоҳ шурӯъ кунад ва дар муҳиммоти султонӣ ҳавз (амиқ назар кардан) намояд, бояд сирати ӯ бар қонуне бошад, ки сабаби некномии султон ва ободонии мамлакат бувад ва ин маъно вақте мешавад, ки риояти чаҳор тараф бар худ лозим донад. Аввал, риояти ҷониби ҳақ. Дуввум, риояти ҷониби подшоҳ. Саввум, риояти ҷониби худ. Чаҳорум, риояти ҷониби раият. Аммо дар риояти ҷониби ҳақ панҷ шарт аст. Аввал, он ки шукри неъмати илоҳӣ ва фазли номутаноҳӣ, ки дар бораи ӯ воқеъ шуда ба ҷой орад, то неъмати вай зиёда гардад.
Байт:
Шукри неъмат, неъмат афзун медиҳад,
Муфлисонро ганҷи Қорун медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор