Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Аз вазире, ки ӯ накӯйсар аст
Мулкро зебу зинати дигар аст.
Ва тарбияти эшон он аст, ки ба шарафи илтифоти султон муъаззаз (иззатманд) ва ба иззи инояти хоқонӣ мушарраф бошанд, то дар чашми хосу ом мукаррам ва муаззам намоянд ва қавме эшонро нифозе (гузаро) ва ҳукми эшонро эътиборе бошад ва касе дар муҳиммоти молӣ бе истисвоби (раъйи савоби) эшон мадхал нанамояд ва тадбири эшонро дар корҳои умда (асосӣ) тамоми ва аслӣ бояд донист, чӣ мумкин аст, ки ба қалам корҳо сохта гардад, ки ба шамшер муяссар нагардад.
Байт:
Қалам раҳти ҷое тавонад кашид,
Ки шамшер натвонад он ҷо расид.
Рӯзе дар миёни вазире ва амире дар тақдиму таъхир мунозаъат афтод ва амир гуфт: «Ман худованди теғи обдорам ва ту соҳиби қалам. Мулкро ба шамшер тавон сутуд на қалам». Вазир гуфт: «Қори мулк ба қалам рост шавад, на ба шамшер». Ин моҷаро ба самъи султон расид ва ҳардуро ба хизмат талабид. Вазирро гуфт: «Ҳамеша аҳли қалам хизматгорони аҳли сайф будаанд, ту чаро аҳли қаламро тарҷеҳ мекунӣ?» Гуфт: «Эй шаҳриёр, олами шамшер душманонро ба кор ояд на дӯстонро ва қалам ҳам барои нафъи дӯстон ба кор ояд ва ҳам барои дафъи душманон. Дигар асҳоби сайфро ҳаваси мулкдорӣ падид ояд бар валинеъмат хурӯҷ кунад. Аз аҳли қалам бошад, ҳаргиз ин ҳаракат содир нашавад ва дигар асҳоби сайф (шамшер) хазонаи подшоҳиро холӣ месозанд ва аҳли қалам пур мекунанд ва маҳалли дахл азизтар аз маҳалли харҷ бошад». Қитъа:
Дар хомаи вазир ба ҳурмат нигар, ки он Дар ҷӯйбори мулк ниҳолест баҳравар.
Ҳаққе ба мавқеъ аст, агар тарбият кунанд, Он шоҳро, ки меваи ӯст мӯътабар.
Аммо тарбияти муқаррабону элчиён ва маҳрамони мамлакат он аст, ки ҳар якеро ба ҳам хос номзад фармояд ва ба муҳимме, ки мансуб ба касе бошад дигареро дахл надиҳад ва қадри хизмати ҳар кас бидонад ва фарохӯри он дар бораи ӯ утуфат (меҳрубонӣ) намояд ва эшонро бад-он мушобаҳа далер нагардонад, ки ҳар чи хоҳанд, тавонанд гуфт ва ҳиҷоби сатвату (ҳамла) маҳобат аз пеш барнадорад ва ҳамаро дар мартабаи ҳаё ва мақоми адаб мутаваққуф созад ва агар касе аз эшон бе маҳал сухане гӯяд исғо (гӯш) накунад ва то касе некойин набошад ва чандин наёзмуда бошанд, мӯътамад (боваринок) бояд сохт ва сирри худро бо вай дар миён бояд ниҳод ва чун мулозимони мулукро бар якдигар рашку ғибта (некӯии аҳвол ва орзу бурдан ба ҳоли касе) мебошанд, сухани ҳеҷ кадомро дар бораи якдигар истимоъ бояд фармуд. Ва ҳамаро бар дӯстӣ ва мувофиқат бар дӯстӣ ва мувофиқат бар якдигар тарғиб бояд фармуд ва аз мунозаҳат ва мухолифат таҳзир (дур) бояд намуд, ки мухолатат бо якдигари эшон дар умури интизоми султонӣ дахли тамоми дорад, чунонки шаммае аз ин собиқан зикр ёфт. Қитъа:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор