Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Қитъа:
На як кас тавонад, ки созад ду кор,
Ки онро написанданд арбоби ҳуш.
Ду кас низ дар як амал зоеъанд,
Ки деге ба ширкат наояд ба ҷӯш.
Чун аз тарбияти иҷмол фароғате рӯй намуд, се нукта аз тафосили он мураккаб мегардад ва муқаддам бар ҳама тарбияти авлод аст. Дар «Захират-ул-мулук» фармуда, ки фарзанд амонати ҳақ аст назди волидайн, дар арсаи маҳшар мутолабаи ҳуқуқи ин амонат хоҳад буд. Ин амонат оинае аст, ки сувари ҷамиъи нафоис ва камолотро қобил аст ва ҷавҳари ҳақиқати ӯро ба ҳар чи майл диҳанд, моил гардад. Пас, бо зарурат дар тарбияти ӯ саъй бояд фармуд, то ба сифатҳои писандида муттасиф гардад ва аз хислатҳои накӯҳида мунҳариф шавад. Аввал, он ки ӯро ба номи нек тасмия (ном додан) бояд кард, ки агар номе номувофиқ бошад, муддати умр дар он дар кароҳат хоҳад буд.
Дигар дояи ӯ бағоят некмизоҷ, хушхӯй ва покизасиришт бояд, ки дар хабар омадаст, ки шир додан табиатро мутағайир созад. Чун муддати разиъ (ширхор) тамом шавад, мардуми покдину некӯхулқро ба хидмати ӯ номзад бояд кард, то табиати ӯ ба авсофи он ходим мустанир (мунаввар) гардад. Чун табъи сибён ба лаҳву лаъаб ва ақлу шурб моил аст дар онҳо оини эътидол ва қонуни тавассут риоят бояд намуд ва муаллими парҳезгору диндор таъйин бояд намуд, то ӯро таълими «Қуръон» ва аҳкоми шаръӣ даромӯзад ва илме, ки ӯро дар дину дунё нофеъ бошад, бознадорад. Беҳтарин таъдиб он аст, ки ӯро аз мухолатати ҷамъе, ки муфсиду каҷтабъ бошанд, нигоҳ дорад ва бо мардуми хушбин, латифтабъ, муслиҳ мусоҳиб созад. Ва доим дар пеши вай уламо, фузало, урафоро мадҳ гӯянд, то муҳаббати эшон дар дили вай русух гардад ва ашрору фуҷҷор ва бадмаъошонро мазаммат кунанд, то кароҳате аз эшон дар табъи вай падид ояд ва чун ба синни тамйиз расид марди бузургҳиммату соҳибтаҷрибаро, ки хидмати мулук карда бошад, муқаррар кунад, то одоби нишасту бархост ва рафтану омадан ба вай омӯзад ва дар он кӯшад, ки осори адаб ва ҳаё ва улувви ҳиммат ва тахаллуқи ахлоқи мулук, аз вай зоҳир гардад. Ва чун вақт дарояд сипоҳиёни далер ва устодони кордидаро амр кунад, то ойини саворӣ ва силоҳдорӣ ва он чи салотинро ба кор ояд, таълим диҳанд: ва чун бузургтар гардад, ба хидмати машоих ва сӯҳбати уламо далолат кунанд, то назар аз бузургони дин мустафиз (файз-ёб) гардад, ки ҳимматро асарҳои куллӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор