Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Касе кӯ мекунад неъмат фаромӯш,
Аз ӯ кардан фаромӯшӣ савоб аст.
Аз он кӯ ҳақ намедонад, бипарҳез,
Ки рӯҳ аз сӯҳбати ӯ дар азоб аст.
Нақл аст, Мӯътазиди халифа гуфта, ки ҳар теғи забон, ки дар шукргузорӣ кунд бошад, ӯро ба забони теғи тез сазо бояд дод.
Ҳаққи нону намак табаҳ кардан,
Бишканад мардро сару гардан,
Бо валинеъмат ар бурун ояд,
Гар сипеҳр аст сарнагун бояд,
Ҳақшиносӣ бузургвор кунад,
Носипосӣ зи пой дарфиканад.
Шашум, дурӯғгӯёнеанд, ки кизб (дурӯғ) пеши ҳеҷ кас писандида нест ва марди дурӯғгӯй беобрӯй бошад. Дар китоби ахлоқ овардаанд, ки дар маҷлиси Фузайли вазир миёни ду надим, ки яке Носир ном дошт ва яке Соқиб мубоҳисае воқеъ шуд. Қадами мазоҳ ва мутоиба бар бисоти инбисот ниҳоданд. Кор аз мухотиба ба мулоиба анҷомид ва ҳам мулоиба ба музориа расид, чунончи ба зарбаи дасти Носир аммома аз сари Соқиб ҷудо гашт.
Соқиб ба риоят мутағайир шуда асари ғазаб бар рухсораи вай падид омад. Вазир гуфт:
— Аз чӣ чиз хашм гирифтӣ? Миёни надимон аз инҳо бисёр воқеъ мешавад. Соқиб гуфт:
— Чӣ гуна дар ғазаб набошам, ки обрӯи ман дар маҷлиси чун туе рехта шуд. Фузайл гуфт:
— Кор бар худ осон гир ва ин воқеаро ба дили худ саҳл кун, ки обрӯи ту дар пеши ман он рӯз рехта шуд, ки гуфтӣ:
— Уштури ман маро дар як шаб аз Марв ба Нишопур расонид.
Назм:
Маяфрӯз ҳаргиз чароғи дурӯғ,
Чароғи дурӯғ аст бас бе фурӯғ.
Ту аз кизбу таъзим ҳурмат маҷӯй,
К-аз он обрӯ мешавад оби ҷӯй.
Ҳафтум, мардумони бисёргӯй парешонсухан низ лоиқи хизмат нестанд. Зеро ки ҳар ки бисёр калом кунад, ӯро қаҳр намонад ва дар хабар омада, ки дар сухани бисёр ғалату сақати бисёр аст. Бузургмеҳр гуфтааст: Чун мард ба бисёр гуфтан ҳарис мебуд яқин бояд шуд ба ҷунуни ӯ, яъне ба яқин бидон, ки девона аст ва дар масал омада, ки бисёргӯй беҳудагӯй аст...
Маснавӣ:
Аблаҳе ар сарфаи зар мекунӣ,
Сарфаи гуфтор кун, ар мекунӣ.
Чанд зи поси дирам афтӣ ба ранҷ,
Поси сухан дор, ки ин аст ганҷ.
Гуфтани бефоида тарки ҳаёст,
Қавли муваҷҷат сифати анбиёст.
Ҳарчӣ ба ҳангом нагӯяд касе,
Хомӯшӣ аз гуфт накӯтар басе.
Не ҳама гуфтор зи эшон хуш аст,
Ҳар чӣ писандида бувад, он хуш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор