Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Байт:
Дар ин ғусса ҷон медиҳад мардаке,
Ки баҳри чӣ дорад вуҷуд он яке.

Аз ин навъ ҳар соате ҳазор шарбати заҳролуди ғаму ғусса вуҷуд мекунад ва ҳарҷо касе пои нишот бар замин ниҳад, ӯ дасти ҳасрат бар сар мезанад:

Хусудро ҳасади ӯ бас аст дар олам,
Ки дар билоди ғаму ранҷ дорадаш ҳардам.
Хусуд бар дигарон оташе барафрӯзад,
Чу нек дарнигарӣ, худ дар он миёна сӯзад.

Дар боби ҳалоки хусуду ҳасад ҳикоят аст. Овардаанд, ки дар замони Искандар ҷонворе падид омад, бар ҳар ки чашм афтодӣ дарҳол ҳалок кардӣ. Искандар чандон, ки аз ҳукамо чораҷӯй кард, ҳеҷ кас чораи он надонист ва дафъи ин ғоила ҳеҷ навъ натавонист.

Охир Аристотеле баъд аз тааммули бисёр фармуд, ки ман чорае ангехтам ва тадбире кардам, ки ин бало дафъ шавад ва ин офат аз халқ қатъ гардад. Пас, бифармуд то оинае сохтанд ба миқдори он ки одамӣ дар паси он махфӣ тавонад буд... Он ҷонвар бад-он тараф мутаваҷҷеҳ шуд ва назараш бар оина афтод ва сурати худро дид. Чун наздик расид, бияфтоду бимурд. Искандарро аз ин ҳол огоҳ карданд.

Аз ҳаким пурсид, ки ин кор чӣ ҳикмат буд? Гуфт: «Эй малик, ҷонвар чандин қудрат дошт, дар оина акси худро дида хусуди худ ӯро кушт».

Мард ҳарчанд дар ҳунар кӯшад,
Бахил он ҷумларо фурӯ пӯшад.
Аз бахилони тирадил бигрез,
Дар каримони покҷон омез.

Дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» овардаанд, ки салотин мардуми бахилро мулозими худ насозанд, ки аз эшон хиҷолат расад. Чунончи қавлест, ки Амрӯ ибни Лайс вакиле дошт, марде бахил буд. Вақте меваҳо сармо бибурд ва Амрӯ гуфт, мева ҳар куҷо ёбед, бихаред ва харҷ кунед. Рӯзе Амрӯ ҷашне сохта буд ва маҳфиле ороста. Дар ин маҳфил расулон аз атрофу ҷониб расида буданд ва ҳама ҷамъ омаданд ва ҷамии асбоби зиёфат муҳайё буд, ҷуз мева, ки бисёр андак ба назар омад. Амрӯ вакили худро гуфт: «Мева бисёр биёвар». Ӯ андаке низ овард, Амрӯро ин ҳаракат бад омад ва гуфт: «Бирав, меваи бисёр биёвар!»

Оқибат Амрӯ он мумсикро, ки назди меҳмонон ӯро шармсор кард, аз дарбор дур сохт. Байт:

Наздики акобири ҳунарвар,
Айбе набувад зи бухл бадтар.

Севвум, аз он ҷамоат, ки лоиқи мулозамат нестанд, мардуми дунҳиммат ва сифла бошанд ва чун ҳиммати салотин олӣ бояд, пас мардуми дуну сифла дар хидмати эшон нашояд. Гуфтаанд, аз мумсик бахил сифла бадтар бошад, зеро ки бахил он бошад, ки карам надорад, аммо аз соли худ баҳра дорад ва мумсик он аст, ки худ нахӯрад ва ба касе карам накунад ва сифла на худ хӯрад ва на ба касе карам кунад ва нахоҳад, ки касе бо касе карам кунад.

пешина
аз 242
навбатӣ